https://sadoimardum.tj

Вохӯрии Файзалӣ Идизода бо Саид Юсуф Гилонӣ

№:129 (5025) 03 ноя 2025, 17:35
0

29-уми октябри соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар ҳошияи Конфронси байналмилалии парламентӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Саид Юсуф Ризо Гилонӣ мулоқот намуд.

Файзалӣ Идизода изҳор намуд, ки ҳамкории байни кишварҳоямон бар пояи эҳтироми мутақобила, ҳамкории созанда ва дӯстӣ асос ёфта, тайи солҳои охир аз сатҳи робитаҳои муқаррарии байнидавлатӣ ба шарикии стратегӣ табдил ёфтааст. «Робитаҳои байнидавлатии мо бар асоси беш аз 90 созишномаи байналмилалӣ густариш ёфтаанд, ки ин ба самаранокии талошҳои дипломатии ҳарду ҷониб мусоидат менамояд», - иброз дошт Файзалӣ Идизода.

Таъкид карда шуд, ки муваффақиятҳои бадастомада дар равобити дуҷониба самараи ҷаҳду талошҳо ва иродаи сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф мебошанд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: