https://sadoimardum.tj

Нақши парлумон дар рушди аҳолӣ муҳим аст

№:129 (5025) 03 ноя 2025, 17:33
0

29-уми октябри соли 2025 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо намояндагони доимии Бунёди аҳолии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) мулоқот кард.

Зикр шуд, ки масъалаҳои рушди аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятнок барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. «Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар татбиқи нақшаи амали Конфронси байналмилалии аҳолӣ ва рушд ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст», - иброз дошт М. Муинӣ.

Таъкид гардид, ки мушкилоти мураккаби мубориза бо камбизоатӣ, ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ, боло бурдани нақши ҷавонон ва баробарии гендерӣ то ҳол тақозои равиши васеъ ва бисёрсоҳавиро дорад.

Нақши парламент дар рушди аҳолӣ тавассути таҳия ва қабули қонунҳо, ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, таҳкими ҳассосияти гендерӣ дар муносибатҳои иҷтимоӣ, инчунин, таҳкими заминаҳои мусоид дар сатҳи миллӣ тавассути иҷро ва назорати қонунҳо ва барномаҳои марбут ба татбиқи ҳадафҳои Конфронси байналмилалии аҳолӣ ва рушд, бахусус, дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва татбиқи ҳуқуқ ба саломатии репродуктивӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Ҳамчунин дигар маводҳо: