Мизи мудаввар Дар Маҷлиси намояндагон
31-уми октябри соли 2025 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Тавсияҳои хотимавии Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбати занон» мизи мудаввар баргузор гардид. 
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон дар ҷаҳон зуҳуроти аз ҳама зиёд паҳншуда буда, оқибатҳои нохуш ва фоҷиабор дорад. Дар Тоҷикистон шурӯъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ҳимояи ҳуқуқи занону кӯдакон ва оилаҳо, инчунин, дастгирии ҳуқуқии онҳо яке аз масоили муҳими давлату Ҳукумат гардида, барои рафъи он қонуну фармон ва барномаҳои давлатӣ таҳия ва роҳандозӣ гардиданд.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии занон, фароҳам овардани шароити муносиби корию зиндагӣ барои онҳо, таҳкими мақому манзалати занон дар ҷомеа ва ҳалли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёташон як силсила асноди меъёрии ҳуқуқиро қабул ва мавриди иҷро қарор додааст, - иброз дошт Мавсума Муинӣ.
Дар рафти мизи мудаввар масъалаҳои бартараф намудани ҳуқуқпоймолкунӣ нисбати занон, чолишҳо дар раванди ба тасвиб расонидани Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, тавсияҳои хотимавии Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбати занон, нақши судяҳо дар татбиқи Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, дурнамо ва нақшаи фаъолияти ҳамкорӣ барои соли 2026 баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
    
    
    
    