https://sadoimardum.tj

Ҳамоиши идона ба муносибати Рӯзи Конститутсия

№:130 (5026) 05 ноя 2025, 16:57
0

4-уми ноябри соли 2025 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар Маҷлиси намояндагон ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамоиши идона баргузор гардид.

Файзалӣ Идизода дар ифтитоҳи чорабинӣ вакилони Маҷлиси намояндагон ва иштирокчиёни дигари чорабиниро ба муносибати 31- солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол табрик гуфта, иброз дошт, ки Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши муассир дорад.

- Ҳадаф аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асосиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон мебошад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила, барои ояндаи дурахшони давлатамон заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷтимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд,- гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон.

Таъкид гардид, ки Конститутсияи Тоҷикис­тон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст, зеро дар ин санади сарнавиштсоз бори нахуст ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ таҷзия гардида, эътибори олӣ доштани меъёрҳои Конс­титутсия ва амали бевоситаи онҳо кафолат дода шуд, дар асоси он парламенти касбии доимоамалкунанда таъсис ёфт.

Файзалӣ Идизода  зикр намуд, ки ин санади муҳиму тақдирсози миллат, ки бо талошҳои хастанопазир ва ташаббусҳои оқилонаву дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми кишвар таҳия ва қабул гардид, барои ба эътидол овардани вазъият, суботи ҷомеа, ризоияту ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистони маҳбуб заминаҳои воқеӣ фароҳам овард. 

- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусиятҳое мебошад, ки онҳо барои таҳкими давлатдории муосири мо заминаҳои устувор гузоштанд. Ин ва дигар арзишҳои Конститутсия боиси аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ аз ҷумлаи конс­титутсияи беҳтарин донистани шиносномаи миллати мо гардидаанд,- иброз намуд Ф.Идизода.

Дар ҳамоиши идона, ҳамчунин, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Зариф Ализода, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Шуҳрат Ғанизода, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Барно Саидвализода, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Нилуфар Имомзода ва сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Абдуқодир Комилзода оид ба аҳамият ва моҳияти ин санади тақдирсоз бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ибрози андеша намуданд.

- Замоне ки Тоҷикистон дар ҳолати буҳрони бисёр шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дошт, бо ташаббуси бевосита, хиради волову қобилияти дурбинонаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани чунин як санад бо тарзу усул ва мазмуну моҳияти ҷавобгӯй ба талаботи ҷаҳони муосир, дар баробари дигар хизматҳои бузургу қиёснашавандаи Ҷаноби Олӣ, барои аз вартаи нобасомониҳо берун кашидани кишвар ва наҷоти миллат нақши басо муассир бозид,- таъкид шуд зимни ҳамоиш.

Дарвоқеъ, бо гузашти солҳо аз қабули Конститутсия, рушди низоми қонунгузории ҷумҳурӣ, идоракунии ҳокимияти давлатӣ, саҳми арзанда ва калидии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди конститутсионализм дар Тоҷикистон ҳарчӣ бештар эҳсос мешавад. Дурустиву саривақтӣ, муҳимияту арзишмандии санадҳои қабулнамудаи ҳамонвақта ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони демокративу ҳуқуқбунёд, дунявиву ягона санги асос гузошта, пояҳои истиқлолияту ваҳдати миллиро дар Тоҷикис­тон мустаҳкам намуд ва ба ояндаи дурахшон раҳнамун сохт.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз таъсиси сохтори дупалатагӣ мақоми ­воқеии намояндагии мардумӣ ва ташаб­бускори сиёсати қонунгузорӣ гардид. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташаккули анъанаи муҳокимаи парлумонӣ, иштироки фаъолонаи мардум дар раванди интихобот – ин ҳама нишондиҳандаи рушду такомули парламентаризм дар мамлакат мебошанд.

Бо такя ба меъёрҳои Конститутсия Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хирадмандонаю сулҳпарварона ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодиро пеш бурда, Тоҷикистонро ба майдони ваҳдати миллӣ табдил доданд. Дар натиҷа, имрӯз кишвари мо ҳамчун давлати сулҳҷӯ, дар арсаи байналмилалӣ дорои обрӯи шоиста ва намунаи ҳамзистии осоишта шинохта шудааст.

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: