https://sadoimardum.tj

Конститутсия ва иқтисоди миллӣ заминаи рушди устувор ва зиндагии шоиста

№:132 (5028) 12 ноя 2025, 17:51
0

Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки 6-уми ноябри соли 1994, ба як давраи ниҳоят ҳассос ва сарнавиштсози миллат - ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, буҳрони сиёсӣ, парокандашавии миллату ба вартаи нестӣ рафтани кишвар рост омада буд, натанҳо ба раҳонидани миллату давлат аз ин фоҷиаҳо асос гардид, балки барои рушди тамоми соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва шуруи марҳилаи созандагию бунёдкорӣ дар мамлакат ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз заминаи устувори сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ шуд. Бинобар ин, Конститутсияи замони соҳибистиқлолии кишварамонро бахтномаи миллат ҳам мегӯем. 

Дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода оид ба нақши ин ҳуҷҷати муҳим дар рушди иқтисоди миллӣ андешаҳояшро чунин баён кард:

- Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, «Дар кишвари мо маҳз ба шарофати Конститутсия ва дар заминаи амалӣ гардидани меъёрҳои он фазои орому осуда, волоияти қонун, барқарор гардидани тартиботи ҷамъиятӣ ва барои рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии давлат шароити мусоид фароҳам гардид». 

Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳиб­истиқлол барои мутобиқ намудани низоми иқтисодиёт ба талаботи низоми иқтисоди бозоргонӣ ва ҳарчӣ зудтар амалӣ сохтани раванди гузариш ба ин низом такони ҷиддӣ бахшид.

Моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷиҳати ба вучуд омадани шаклҳои гуногуни моликият замина гузошта, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат дод ва ба ин васила шароити мусоидро барои гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ муҳайё намуд. Бо назардошти талаботи Конститутсия, барои гузаронидани ислоҳот қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии муайянкунанда ва танзимкунандаи муносибатҳои иқтисодӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ қабул шуданд.

Ба вуҷуд омадани шаклҳои гуногуни моликият, ташкили намудҳои мухталифи пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ, ба муомилот баровардани пули миллӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, савдои озоди хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон қадамҳои ҷиддӣ мебошанд.

Пай дар пай амалӣ гардидани ислоҳоти сох­торӣ дар самтҳо ва соҳаҳои муҳими давлатӣ, бахусус идоракунӣ, молия, фаъолияти бонкӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, инчунин, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавассути таҳия ва татбиқи як қатор барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва амалисозии тадбирҳои муассир барои ҳаматарафа рушд ёфтани иқтисодиёти мамлакат заминаи мусоид гузошт.

Тадбирҳои амалигардида дар доираи нақшаҳои созандаи Ҳукумати кишвар имкон фароҳам оварданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди устувори нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳисоби миёнасолона 7,7 фоиз рушд ёбад ва 10 маротиба зиёд шавад. 

Соли 2024 суръати рушди иқтисоди кишвар 8,4 фоизро ташкил дод, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар байни кишварҳои ИДМ ба ҳисоб меравад. Сатҳи таваррум бошад, дар соли сипаришуда ҳамагӣ 3,6 фоиз буд. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар солҳои 2000-2024-ум ба ҳар сари аҳолӣ 5,1 маротиба афзоиш ёфта, дар соли 2024 ба 14,8 ҳазор сомонӣ расонида шуд. 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ аҳолии кишвар ду баробар афзуда, соли 2024 ба 10,4 миллион нафар расид. Дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол то 76,6 сол боло рафт. 

Даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 миллиард сомонии соли 2000 то 147 миллиард сомонии соли 2024 ва музди меҳнати миёнаи як корманд аз 15,6 сомонӣ то 2630 сомонӣ афзоиш ёфт. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ аз 83 фоиз то 21,2 фоиз коҳиш ёфт. 

Дар панҷ соли охир маҳсулоти дохилии мамлакат 74,3 миллиард сомонӣ ё 2,0 маротиба ва даромади пулии аҳолӣ 99 миллиард сомонӣ ё 3 баробар афзоиш ёфт. Даромади буҷети давлатӣ сол то сол зиёд гардида, аз 251,7 миллион сомонии соли 2000 то 46,6 миллиард сомонӣ дар соли 2024 ё 30,4 фоизи ММД баробар гардид. Қисми хароҷоти буҷети давлатӣ бошад, аз 261,8 миллион сомонии соли 2000 ба 45,8 миллиард сомонӣ дар соли 2024 баробар шуда, ҳиссаи хароҷот ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 24 фоизи соли 1997-ум ба 46 фоиз дар соли 2024 расид.

Ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаю барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохилию хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд. 

Азбаски соҳибкорӣ яке аз унсурҳои асосии низоми иқтисоди бозорӣ ба ҳисоб меравад, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта шуд, ки яке аз шаклҳои асосии он моликияти хусусӣ мебошад. Хусусигардонии моликияти давлатӣ аз аввали солҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғоз гардида, соли 1997 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» қабул шуд, ки барои тараққиёти шаклҳои гуногуни соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам овард. Дар он давраи вазъи мураккаби сиёсию иқтисодӣ ба соҳибкорон ва шахсони алоҳидаи кордону меҳнатдӯст вогузор намудани моликият боиси рушди иқтисодиёт гардид. 

Хусусигардонии моликият барои ҷалби васеи сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ низ шароити мусоид фароҳам овард. Танҳо дар панҷ соли охир ҷиҳати рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ як қатор ислоҳоти назарраси институтсионалӣ анҷом дода шуда, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъалаҳои банақшагирии воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Комиссияи доимоамалкунанда оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ», «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2023-2027», «Нақшаи амал оид ба рушди соҳибкории ҷавонон ва сармояи венчурӣ барои солҳои 2024-2026» ва якчанд стратегию барномаҳои дигари соҳавӣ қабул гардида, ба як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. 

 Дар самти дастгирии бахши хусусӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар мораторий ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар чанд давра эълон карда шуд. Инчунин, дар доираи ислоҳоти низоми санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор шумораи мақомоти санҷишӣ то 23 адад ва санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор 7 баробар кам карда шуд, ки бевосита барои аз байн бурдани монеаҳо барои рушди соҳибкориву сармоягузорӣ мусоидат намуданд.

Тадбирҳо ҷиҳати то 60 фоиз кам кардани номгӯйи ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ идома дошта, шумораи номгӯйи чунин ҳуҷҷатҳо аз 280 адади соли 2023 то 208 адади соли 2024 коҳиш дода шуд. Ислоҳоти гузаронидашуда ба афзоиши мунтазами шумораи субъектҳои соҳибкории хурду миёна мусоидат намуда, дар натиҷа, шумораи субъектҳои хоҷагидори фаъолияткунанда то ба 377,1 ҳазор адад ба ҳолати 1 октябри соли 2025 зиёд гардид. Аз ин шумора 341,4 ҳазор ҳамчун соҳибкори инфиродӣ, 35,3 ҳазор ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ва 419 адад ҳамчун филиалу намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ба қайд гирифта шуданд.

Дар баробари дастгирии бахши хусусӣ саҳми он дар рушди иқтисоди миллӣ низ назаррас гардида, айни замон ҳиссаи он дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 60 фоиз, таъмини шуғли аҳолӣ зиёда аз 70 фоиз ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ тавассути пардохти андозҳо 80 фоизро ташкил медиҳад. 

Дар давраи начандон тӯлонии таърихӣ давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қабули Конститутсия ба дастовардҳои беназири иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардида, корҳои ободонӣ баҳри ноил гардидан ба ҳадафи олии дарозмуҳлати мамлакат - баланд бардош­тани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар идома дорад.

Бо назардошти он ки нақши Конститутсияи замони соҳибистиқлолии кишвар дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути фароҳам кардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ зиёд мебошад, ҳар сол мардуми шарафманди кишвар рӯзи 6 - уми ноябрро бо шукӯҳу шаҳомати хос ва хурсандию сурури зиёд ҷашн мегиранд. 

Таҳияи Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: