Ифтихори беназири мо
Дар ҷилди 5-уми китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» таъкид шудааст: «Миллате, ки таърих ва бузургони гузаштаи худро қадр мекунад, саодатманд аст, бузургтару саодатмандтар, ба қавли хирадмандон, миллатест, ки ба қадри бузургон ва қаҳрамонони зиндаи худ мерасад».
Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, таъмини сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва рушду нумуи самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа 14 майи соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардид, ки мувофиқи он ҳамасола 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Санаи мазкур рамзи садоқату вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодию соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолист.
Барои ҳар як сокини мамлакат боиси ифтихор аст, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пояҳои Истиқлоли давлатӣ таҳким ёфтааст. Воқеан, мардуми диёри бостониамон ба ояндаи ободу дурахшони кишварамон бо эътимод менигаранд.
Соли 1992 дар ҷумҳурии тозаистиқлоли мо, ки сокинонаш ба таҷлили яксолагии Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ медиданд, бо дасисаи гурӯҳҳои сиёсатбозу маҳалгаро ва душманони дохилию хориҷӣ оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга зад. Он боиси марги зиёда аз 150 ҳазор сокини кишвар, гуреза шудани беш аз 1 миллион нафар ва ятим мондани зиёда аз 55 ҳазор кӯдак гардид. Ҳазорон манзили истиқоматӣ, даҳҳо мактабу муассисаҳои тиббӣ, фарҳангӣ ва дигар иншоот валангор шуданд. Сохторҳои давлатӣ аз фаъолият монда, минтақаҳои ҷангзадаро бесарусомонӣ фаро гирифта буд.
Ба бахти миллати тоҷик моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ баргузор гардиду вакилон якдилона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Ин беҳтарин интихоб буд. Тӯли ин солҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит намуданд, ки дарвоқеъ, фарзанди бонангу номус, хирадманду нексиришт, ташаббускору созанда, ватандӯсту халқпарвар ва хайрхоҳу вафодори ин миллатанд. Сухани нахустинашон баъд аз Сарвари давлат интихоб шуданашон барқарории сулҳу субот дар мамлакат ва баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан буд, ки ба ваъдаи хеш ҷавонмардона вафо намуданд. Аз ин хусус Пешвои миллат зимни суханронӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми ноябри соли 2022 чунин ёдовар шуданд: «Баъди интихоб шудан ба вазифаи Сарвари давлат ман бо қатъият изҳор намудам, ки ҷонибдори бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳастам. Инчунин, барқарор кардани сулҳу осоиш дар ҳар як хонадон, ба Ватан баргардонидани тамоми гурезаҳо ва қатъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро вазифаи аввалиндараҷаи худ эълон кардам».
Эҳёгари худшиносии миллӣ
Шоҳидем, ки густариши худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ҳамбастагии тоҷикон ба номи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз, бо ибтикор ва ташаббусҳои созандаи ин сиёсатмадори хирадсолор сатҳи худшиносию худогоҳӣ ва бедории миллати мо ба маротиб боло рафт. Соли 1994, бо вуҷуди душвориҳои иқтисодӣ, бо ибтикори Пешвои миллат Ҷашни 1000-солагии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бо ҳузури меҳмонони зиёди хориҷӣ дар шаҳри Душанбе таҷлил гардид. Бузургдошти фарзонафарзандони миллат, аз қабили 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1100-солагии давлати Сомониён, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 100-солагии Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва ғайра, идомаи мантиқии ин раванд аст.
Таҷлили 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори Шодмон, 5500-солагии Саразми бостонӣ арҷгузорӣ ба таърихи қадимаи ниёгонамон маҳсуб меёбад. Инчунин, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада дубора эҳё шуданд. Ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт. Бо иқдоми оқилонаи Сарвари давлат шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бо сифати баланд чоп ва ба ҳар хонаводаи тоҷикистонӣ ройгон тақдим шуд.
Яке аз ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани худшиносӣ эълони озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Илм - фурӯғи маърифат» мебошад.
Ба нашр расидани асарҳои таърихии Пешвои миллат, ба монанди «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Чеҳраҳои мондагор», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Уфуқҳои Истиқлол», «Забони миллат - ҳастии миллат», низ роҳнамои бузурге дар самти худшиносии миллӣ ба ҳисоб мераванд.
Иқтисод рӯ ба рушд
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 10 миллиард доллар зарар расонд. Соли 1996 маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон нисбат ба соли 1991 ба андозаи 70 дарсад кам шуда, истеҳсоли аксар молҳои саноатӣ ба маротиб коҳиш ёфт. Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи сифатан нави рушди соҳаҳои иқтисодии мамлакат оғоз гардида, хоҷагии халқи кишвар рӯ ба пешравӣ овард.
Ҳукумати мамлакат бо кӯшишу ғайрати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро яке аз ҳадафҳои стратегии худ қарор дода, дар муддати кӯтоҳ ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Бунёди роҳҳои мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихумб-Хоруғ-Мурғоб-Кулма, Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд-Чаноқ, Душанбе-Нуробод-Лахш-Саритош, Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон, нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Озодӣ», «Хатлон» ва ғайра, роҳи оҳани Бохтар-Кӯлоб ва Душанбе-Ваҳдат-Ёвон аз ҳамин қабиланд. Тибқи раддабандии Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати сифатнокии роҳҳо дар миёни 138 мамлакат ҷойи 50-ум ва дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойи якумро ишғол намуд.
Пешвои миллат бо дарки вазъи воқеӣ ва пешгирӣ намудани хатари гуруснагӣ ва минбаъд бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ таъмин намудани аҳолӣ солҳои 1995-1997 ба сокинони деҳот 75 ҳазор гектар замин ҷудо намуданд, ки миёни мардум ҳамчун «замини президентӣ» машҳур аст. Ба туфайли амалӣ кардани чунин тадбирҳои саривақтӣ ва самарабахш сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83 дарсади соли 1999 то 22,5 дарсад дар соли 2022 коҳиш ёфт. Яъне, дар тӯли 23 сол сатҳи камбизоатӣ зиёда аз се баробар паст гардид.
Яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Бо ибтикори Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Помир-1», «Себзор», ду агрегати НБО «Роғун», МБГ «Душанбе-2» ва ғайра сохта ба истифода дода шуданд. Неругоҳҳои дигар, ки то ин дам фаъолият доштанд, навсозӣ ва иқтидорашон зиёд гардид. Ҳамин тариқ, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба иқтидори энергетикии кишвар боз 2000 мегаватт илова шуд.
Пешоҳанг дар умури ҷаҳонӣ
Барои ҳар яки мо боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи байналмилалӣ ба ҳайси Сарвари давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар умури ҷаҳонии обу иқлим эътироф шудаанд.
Тайи 20 соли охир бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид доир ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардидаанд, ки муҳимтарини онҳо:
- соли 2003 - Соли байналмилалии «Оби тоза»;
- солҳои 2005-2015 - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои ҳаёт»;
- солҳои 2018-2028 - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор»;
- соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21-уми март эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо мебошанд.
Пешниҳоди навбатии Тоҷикистон якҷо бо Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ низ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Инчунин, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25-уми июли соли 2025 қатъномаи таърихии Маҷмаи умумии СММ оид ба зеҳни сунъӣ таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид.
Қабули ташаббусҳои зикршуда аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон баёнгари боварии ҷомеаи байналмилалӣ ба мавқеи фаъоли Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаю тафаккури баланди стратегӣ доштани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Арҷгузорӣ ба хизматҳои Пешвои миллат
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки ташаббускораш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, мавриди эътирофи сиёсатмадорони маъруф ва боиси таваҷҷуҳ ва омӯзиши созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардидааст. Чунончӣ, собиқ Дабири кулли СММ Кофӣ Аннан соли 1999 гуфта буд: «Президенти Тоҷикистон намунаи ибрати аз зӯроварӣ даст кашидани ҳалли зиддияти дохилимиллиро нишон дод».
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба фаъолияти Пешвои миллат чунин баҳо додааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони ИДМ мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест, тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакат, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чӣ оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар».
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ ба фаъолияти Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баҳо додааст: «Мо дар Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ходими намоёни давлатӣ ва роҳбари таҷрибадоре, ки худро саропо ба хизмати халқу кишвараш бахшидааст, мешиносем. Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи ӯ дар бунёди давлатдорӣ ва сохти иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои калон ноил гардид. Сатҳ ва сифати зиндагии мардум ба таври назаррас боло рафта, нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ пайваста таҳким меёбад».
Бо назардошти хизматҳои барҷаста дар рушду инкишофи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, барқарор кардани сулҳ дар кишвар, таъмини амнияту бехатарии халқи тоҷик ва давлати миллӣ бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Пешвои миллат, инчунин, барои саҳми бебаҳояшон дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ бо медали тиллои «Барои таҳкими сулҳ ва ризояти байни халқҳо», «Ситораи тиллои Алберт Швейсер», Ордени Александр Невский (мукофоти олии Федератсияи Россия), Медали тиллоии давлати Миср, Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой ва дигар мукофоту ҷоизаҳои сатҳи олӣ сарфароз гардидаанд.
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои бешумори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мардуми мо хуб медонанд, ки тамоми дастоварду комёбиҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ба ному хизмати ин абармарди майдони сиёсат пайванди ногусастанӣ дорад.
Фарҳод КАРИМЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
