https://sadoimardum.tj

Беҳтарсозии некуаҳволии занону духтарон баррасӣ шуд

№:132 (5028) 12 ноя 2025, 18:08
0

Рӯзҳои 10-11-уми ноябри соли 2025 таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар мавзуи «Беҳтар кардани некуаҳволии занону духтарон ва солимии репродуктивӣ - самти афзалиятноки парламенти кишвар» дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулис­тон мизи мудаввар доир гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, кормандони Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, коршиносони миллию байналмилалӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Иброз гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар баробари дигар самтҳои иҷтимоӣ ба соҳаи тандурустӣ, алалхусус беҳтар кардани вазъи некуаҳволии занону духтарон ва ҳифзи солимии репродуктивӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Дар натиҷа даст­расӣ, сифат ва самаранокии маҷмуи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ беҳтар гардидааст.

- Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои занону бонувон, фароҳам овардани шароити муносиби кору зиндагӣ барои онҳо, таҳкими мақому манзалати занон дар ҷомеа ва ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёташон як силсила асноди меъёрии ҳуқуқиро қабул ва бо тадбирҳои амалӣ мавриди иҷро қарор додааст, - таъкид намуд М. Муинӣ.

Дар мизи мудаввар, ҳамчунин, роҳбари намояндагии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) дар Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносони милливу байналмилалӣ суханронӣ намуда, бо мубодилаи афкору таҷриба баргузории чорабиниро дар эҷоди муҳити мусоид барои амалишавии Ҳадафҳои рушди устувор, боз ҳам беҳтар гардидани вазъи некуаҳволии занону духтарон ва ҳифзи солимии репродуктивии онҳо иқдоми неку саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: