https://sadoimardum.tj

Номаи табрикӣ

№:132 (5028) 12 ноя 2025, 18:10
0

12-уми ноябри соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Сагиба Гафарова номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Сагиба Алӣ гизӣ,

Шуморо бо иди миллӣ - Рӯзи Конститутсия табрик мегӯям.

Қабули Қонуни асосӣ қадами муҳим дар таҳкими давлатдории Озарбойҷон, бунёди заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ барои рушди ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, инчунин, таъмини пешрафти устувори кишвар ба ҳисоб меравад.

Мо ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории созандаи байнипарламентии байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон, ки бар асоси шарикии стратегӣ ва эътимод асос ёфтаанд, арҷ мегузорем. Итминон дорам, ки ин робитаҳо ба манфиати рушди минбаъдаи кишварҳои мо боз ҳам таҳким хоҳанд ёфт.

Ба Шумо, муҳтарам Сагиба Алӣ гизӣ, дар фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Озарбойҷон сулҳу осоиштагӣ ва шукуфоӣ орзумандам».

Ҳамчунин дигар маводҳо: