https://sadoimardum.tj

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Валентина Матвиенко

№:133 (5029) 13 ноя 2025, 17:10
0

13-уми ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко, ки ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Россия дорои хусусияти шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ буда, самти афзалиятноки сиёсати хориҷии ҳарду кишварро ташкил медиҳанд. Зикр гардид, ки муколамаи сиёсӣ миёни ду давлат дар ҳамаи сатҳҳо мунтазам рушд меёбад.

Аз густариши устувори равобити байнипарламентӣ ва фаъолияти самарабахши Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллӣ ва Шурои федератсия изҳори қаноатмандӣ шуд.

Вобаста ба татбиқи афзалиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва рӯзномаи ҷаласаҳои навбатии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе табодули афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо дар доираи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ба густариши сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Ҳамзамон, масъалаҳои таҳкими робитаҳои гуманитарӣ дар бахшҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар мулоқот, инчунин, ҳамкориҳои байналмилалии кишварҳо дар самти таъмини амният, мубориза бо терроризм, экстремизм ва таҳдидҳои киберӣ баррасӣ гардида, мавқеи ҳамсони ҷонибҳо дар ин самтҳо таъкид шуд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: