Суҳбати Рустами Эмомалӣ бо Наталя Кочанова
13-уми ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Раиси Шурои ҷумҳурии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Наталя Кочанова мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои стратегии Тоҷикистону Беларус мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷараёни рушди бемайлони шарикии судманди дуҷониба ибрози қаноатмандӣ ҳосил гардид.
Ҷонибҳо ба нақши муколамаи мунтазами сатҳи олии сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко дар таҳкиму густариши минбаъдаи равобити дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Беларус баҳои баланд доданд.
Ба рушди робитаҳои байнипарламентӣ, ҳамчун шохаи муҳими муносибатҳои дуҷониба, таваҷҷуҳи хоса дода шуд.
Амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ, фармасевтӣ, кимиёӣ ва кӯҳкорӣ аз самтҳои муҳими густариши ҳамаҷонибаи иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ ҳисобида шуд.
Барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф, илм ва технологияҳои нав ибрози омодагӣ гардид.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳамкории судманди кишварҳоро дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва дар таъмини амнияту субот таъкид намуданд.
www.majmilli.tj
Ҳамчунин дигар маводҳо:
