Тантанаи Рӯзи Президент дар Маҷлиси намояндагон
12-уми ноябри соли 2025 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси Маҷлиси намяондагон Файзалӣ Идизода вакилону иштирокдорони дигари ҳамоиши идонаро ба муносибати ин рӯзи таърихӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки ҳамасола 16 ноябр дар саросари кишвари азизамон Рӯзи Президент бо эҳтиром ва ифтихори шоиста ҷашн гирифта мешавад, ки барои ҳамаи мо, воқеан ҳам, азизу гиромист.
- Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ниҳоди президентӣ марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Фаъолияти ниҳоди президентӣ ба хусусиятҳои шахсияте, ки ба мансаби Президент интихоб шудааст, вобастагии амиқ дорад ва ин ниҳод дар Тоҷикистон дар замони сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфт,- таъкид намуд Раиси Маҷлиси намояндагон.
Иброз шуд, ки хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлату мардуми Тоҷикистон бузургу беназир мебошанд. Кору пайкори ин абармарди ҷаҳони сиёсат дар фароҳам овардани сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати навини тоҷикон, рушди тамоми соҳаҳо, расидан ба ҳадафҳои стратегии миллию давлатӣ ва ба ин васила, боло рафтани сатҳи некуаҳволии мардум, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, бахусус бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар самти обу иқлим, миқёсан бузург ва беназиранд. Ҳамаи инро мардуми шарафманди Тоҷикистон ва сайёра дар фаъолияти пурсафову адолатпешаи Президенти Тоҷикистон ҳамарӯза эҳсос менамоянд.
Дар ҳамоиш ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, раиси фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон Шарифҷон Ҳакимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Муҷибахон Ҷавҳарӣ, раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, раиси фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон Рустам Латифзода ва муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Сурайё Дӯстмуродзода доир ба хизматҳои шоёни Пешвои азизу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ибрози андеша намуданд.
Зикр гардид, ки соҳиб шудан ба дастовардҳои нодир дар татбиқи сиёсати самарабахши хориҷӣ ва ташаббусҳои башардӯстонаи ҷаҳонии Президенти мо далелҳои возеҳу раднопазири сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
- Муҳаббати рӯзафзуни мардум, эҳтироми хоси сарони давлатҳо ва сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ба шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки хизматҳо ва талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти кишвар ва муаррифии шоистаи давлату миллат содиқона, дурбинона ва эътимоднок аст. Дар симои мубораки ин фарзанди фарзонаи миллат ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз ҳувайдост, - иброз дошт ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода.
Дар ҳақиқат, замоне ки Роҳбари ҷавони ҳамагӣ чилсола, вале ватандӯсту маърифатпарвар, поктинату инсондӯст, қавииродаю адолатпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба дӯш гирифта, умеди мардумро дубора ба ояндаи неки кишвару давлат зинда карданд, Тоҷикистони тозаистиқлоли мо рӯзҳои мушкилтаринро ба сар мебурд, касе ба ояндаи дурахшони давлату миллати қариб ба нестӣ расида бовар надошт.
Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷоннисориву аз худ гузаштанҳои Пешвои миллат буд, ки дар кишвари мо сулҳу оромӣ шуд ва давоми солҳои 1993-2000-ум 950 ҳазору 599 нафар гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан баргаштанд. 36 ҳазор хонаи пурра ва ё қисман харобгашта дар як муддати кӯтоҳ барқарор гардид.
Дар замони соҳибихтиёрӣ дар кишвар, маҳз, бо роҳбарии марди шуҷоъ - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати демократии дунявӣ, ягона, ҳуқуқбунёд ва миллӣ асоси қавӣ гузошта шуда, Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатӣ – Нишону Парчами давлатӣ, Суруди Миллӣ, инчунин, Конститутсия ва пули миллӣ гардид, Артиши миллии хешро таъсис додаву устувор намуд.
Натиҷаи сиёсати бобарору хирадмандонаи Пешвои миллат ва расидан ба марзи сулҳу оштӣ буд, ки дар кишвар таҳаввулот ва дигаргунсозиҳои азим дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба вуқӯъ пайваста, дар як фурсати кӯтоҳи таърихӣ тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа рушду нумӯъ кард.
Тоҷикистони соҳибихтиёр дар ин марҳилаи таърихӣ бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат беш аз пеш рушду тараққӣ намуда, намоди таъриху тамаддуни воқеии тоҷикон шуд.
Пешвои миллат дар баланд бардоштани обрӯву эътибори Тоҷикистон, шуҳратёр гардидани он дар арсаи байналмилалӣ, иштироки мустақими кишвари тозаистиқлол дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар масоили марбут ба Афғонистон, мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, ба монанди терроризму экстремизм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он иқдомҳои амалӣ пешниҳод намуданд.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаву дурнигаронаи Пешвои миллат Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба, ҳамчун узви фаъол ба роҳ монд.
Натиҷаи чунин ҳамкориҳои судманд ва иқдому ташаббусҳои неки башардӯстона буд, ки Пешвои муаззами миллати моро ҷаҳониён эҳтиром мекунанд, ҳар ибтикори созандаашонро пуштибонию роҳандозӣ менамоянд ва Сарвари муҳтарами моро ҳамчун роҳбари ташаббускор, намунаи ибрат, пешоҳанги амалу чорабиниҳо, ободиву созандагиҳо эътироф кардаанд.
Дар фарҷоми ҷаласаи тантанавӣ як гурӯҳ кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти намунавӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо ифтихорномаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
