Иқдоме дар ҷаҳон беназир
- Баргардонидани занону кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи кишварҳои Сурия ва Ироқ аз ибтикороте мебошад, ки бори дигар раъиятпарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба маъраз гузошт. Бо назардошти он ки дар иҷрои ин супориши Роҳбари мамлакат саҳм доред, бамавриду муфид хоҳад буд, агар ин равандро шарҳ диҳед...
- Ин иқдом дар таҷрибаи ҷаҳонӣ беназир аст. Маҳз, ҳисси баланди ифтихори миллии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар чунин марҳилаи ҳассос ин ашхосро ба кишвар бозпас оварданд. Ин кори қобили мулоҳиза аст, ки на ҳар роҳбар ба иҷрои он қодир мебошад. Мо мисолҳои зиёдеро медонем, ки маҳз ба хотири муносибати дуюмдараҷа доштани роҳбарони давлатҳо ба ифтихори миллӣ ҳазорҳо нафар дар ғарибӣ монданд ва хору зоранд. Дар баъзе кишварҳо бошад, муносибати аҳли ҷомеа ба пайвандони афроди мавриди назар комилан манфӣ буда, аз доштани равобит бо онҳо худдорӣ мекунанд.
Мо, тоҷику тоҷикистониён, бояд ифтихорманд бошем, ки Пешвои миллат нисбат ба ягон фарди сарзамин бетафовут нестанд ва меҳвару ҷавҳари сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаашон, маҳз, раъиятпарварӣ аст. Иқдоми зикршуда идомаи мантиқии ибтикороти қаблии ин абармарди дунёи сиёсат буда, дар се давра 339 зану кӯдак аз минтақаҳои ҷангзада баргардонида шуданд. Қобили зикр аст, ки 231 нафари онҳо кӯдаконанд.
- Шумо аз се давраи баргардонидани ҳамватанонамон ёдовар шудед. Кадом давраҳоанд?
- Бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал соли 2019 гурӯҳи 89-нафараи кӯдаконро, ки аз 1 то 18-сола буданд, аз Ироқ ба Ватан баргардонидем. Бори дувум, 26-уми июли соли 2022 гурӯҳи дуюми шаҳрвандони Тоҷикистон иборат аз 146 зану кӯдак аз Сурия оварда шуданд. Минбаъд ин раванд идома ёфта, моҳи майи соли гузашта гурӯҳи сеюми занону кӯдакон, ки 104 нафар буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.
Дар маҷмуъ, ба Ватан баргардонидани кӯдакон дар ҷаҳони муосир таҷрибаи камназир буда, на ҳар роҳбари давлат дар ин самт иқдом менамояд.
Аз ҷониби қишрҳои аҳолӣ хеле хуш пазироӣ шудани ин иқдом аз матолиби расонаҳо ва назарҳое, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баён шуданд, баръалост. Инчунин, баробари ба хоки кишвар фуруд омадан кӯдакон аз ҷониби масъулини сохторҳои марбута бо ғамхории хоса фаро гирифта шуданд. Дар муддати бениҳоят кӯтоҳ кулли масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодие, ки зимни баргардонидани занону кӯдакон ба оилаву наздиконашон пайдо шуд, ҳалли худро ёфтанд.
Занон дар минтақаҳои нигоҳдорӣ ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб шуданд ва ҳоло дар зиндагиашон истифода мекунанд. Ҳоло кӯдакон таҳти назари масъулини Ҳукумат қарор дошта, бо онҳо равоншиносону табибон пайваста кор мебаранд ва барояшон беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст. Итминонам комил аст, ки дар ояндаи наздик ба зиндагии муқаррарӣ ворид мегарданд, даҳшати ҷангу хунрезиҳоро аз ёд мебаранд, дар фазои сулҳу оромӣ ва зебоиҳои табиати нотакрори диёри аҷдодӣ зиндагии зеборо оғоз менамоянд.
- Усули «дарҳои кушода», ки давлати мо дар сиёсати хориҷӣ пеш гирифтааст, беназир ва муваффақ эътироф шуда, мавриди пайравӣ қарор дорад. Метавон гуфт, ки барои дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шудани иқдом, яъне баргардонидани занону кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи кишварҳои Сурия ва Ироқ, маҳз, усули зикршуда мусоидат намуд?
- Бале. Далели бебаҳс аст, ки саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муайян кардан ва расидан ба ҳадафҳо, коркарду пешбурди усулҳои самаровар ва барои ҷомеаи ҷаҳонӣ қобили қабул шуда, дар сиёсати хориҷии мамлакат меҳварӣ ва муассир аст.
Пешвои миллат дар суханрониашон бахшида ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ ва ифтитоҳи бинои Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ 29-уми сентябри соли 2016 иброз доштанд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди сипарӣ гардидани марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ, ки даврони ба эътидол овардани вазъияти дохилӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дар равобити байналмилалии худ сиёсати «дарҳои кушода»-ро эълон дошт, ки ин хати сиёсӣ имрӯз низ муваффақона идома дорад. Самараи чунин сиёсатро мо дар робитаҳои хориҷии гуногунҷанбаи кишварамон дар арсаҳои гуногун мебинем». Сиёсати «дарҳои кушода», ки меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир интихоб гардид, дар замони истиқлоли давлатӣ воқеӣ, дурустӣ ва манфиатнокии худро нишон дод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи кишвар дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Маҳз, амалӣ гардидани ин усул дар сиёсати хориҷии кишвар барои тавсеа ва таҳкими муносиботи дуҷонибаю бисёрҷониба бо мамлакатҳои олам ва ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ уфуқҳои навро боз намуд.
Мо шоҳид ҳастем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин дипломатия ва ташаббусҳои созандаи марбут ба об, ки мавриди истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифта, амалӣ намудани силсилаиқдомро дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, қабл аз ҳама, Созмони Милали Муттаҳид пешбинӣ шудаанд, дар меҳвари фаъолияти худ қарор додаанд.
Вазъи ҷаҳони имрӯза хеле ноорому номусоид аст ва моро ҳушдор медиҳад, ки ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани сулҳу ваҳдат, якпорчагии марзу буми худ бо роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш самимонаву содиқона, бо азму талоши бесобиқа кору пайкор намоем.
- Ташаккур барои суҳбати самимию пурмуҳтаво.
Мусоҳиб Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
