https://sadoimardum.tj

Ин ватанро сохтан осон набуд

№:134 (5030) 14 ноя 2025, 18:17
0

Шодравон Абдусаттор Умаров, ки аввали солҳои 2000 дар вазифаи ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст, як муддат дар рӯзномаи «Садои мардум» ҳам фаъолият дошт. Ӯ гоҳ - гоҳ аз давраи фаъолият дар қабулгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотираҳояшро ба мо нақл мекард. Боре аз бидуни истироҳат фаъолият кардани Пешвои миллат ёдовар шуда зикр карда буд: «Роҳбари давлат он қадар ба кор дода шуда буданд, ки умуман дар бораи истироҳат фикр намекарданд. Бинобар ин, собиқадорони хизмати давлатӣ пайваста тавсия медоданд, ки гоҳ-гоҳ истироҳат ҳам кунанд, зеро энергияи инсон низ беохир нест, аммо Пешвои миллат бо ҳамон суръат фаъолияташонро давом доданд». 

Марҳум Абдусаттор Умаров ҳикоят мекард, ки чун Роҳбари давлат дар рӯзҳои истироҳат ҳам кор мекарданд, баъзан аз серкорӣ рӯзҳои ҳафтаро ҳам фаромӯш месохтанд. Боре Пешвои миллат аз ёвароне, ки дар қабулгоҳашон кор мекарданд, чандшанбе будани рӯзро мепурсанд. Чун ҳама саргарми кор буданд, ҳеҷ нафаре посухи аниқ гуфта натавонистааст. Ҷаноби Олӣ табассуме карда, ба ҳуҷраи кориашон ворид мешаванд... 

Воқеан, ин хотираи собиқ ёвари Президент, шояд, ба назар як амали тасодуфии корӣ намояд, аммо агар каме жарфтар андеша намоем, ба ин натиҷа мерасем, ки ободию озодӣ ва сулҳу амнияти пойдори имрӯза натиҷаи талошу заҳмат, бедорхобӣ, азхудгузаштанҳою фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Роҳбари давлат дар рӯзҳои аввали сарварӣ эълон карда буданд, ки «Тамоми ҳастиамро барои Ватанам мебахшам» ва бо ҳамин қавли худ содиқ монданд. Нахобиданд, то шаҳрвандони кишвар хоби бароҳат дошта бошанд, истироҳат накарданд, то ҳаёти бофароғату рифоҳи ҳамватанонро таъмин намоянд. 

Идоракунии президентӣ чӣ дод?

Як суҳбати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ будани ин низомро комилан бозгӯ кард. Роҳбари давлат гуфтанд, ки ҳангоми дар вазифаи Раиси Шурои Олӣ фаъолият карданашон Сарвазири вақт Ҳукуматро идора мекард. Рӯзе огоҳ мешаванд, ки роҳбари ҳамонвақтаи Ҳукумат 29 иншооти стратегии кишварро рӯйхат ва барои вогузор намудан ба кадом як давлати хориҷӣ пешниҳод кардааст. Роҳбари давлат баробари огоҳ шудан садди роҳи ин амал мегарданд ва ба он кишвар паём мефиристанд, ки чунин кор ғайриимкон аст. Пешвои миллат бо ёдоварӣ аз ин амали нангини собиқ роҳбари Ҳукумат таъкид карданд, ки ҳамаи ободиву пешравии имрӯзаи давлат бо шарофати низоми президентӣ ҳам ҳаст.

Заминаи мустаҳками рушди давлатдории мо дар давоми беш аз 30 сол ниҳоди президентӣ аст. Яъне, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки давлатдории навинро ташкил кунанд. Президент аз салоҳиятҳояшон хуб истифода бурда, ҳамаи рукнҳои давлатдориро ба вуҷуд оварданд. Дар расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ҳам институти президентӣ нақши созгор гузоштааст. Яъне, ҳамаи пешравиҳои имрӯзаи давлатро метавон самараи низоми президентии кишвар арзёбӣ кард.

Рукнҳои давлатдорӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо интихоб шуданашон ба ҳайси Роҳбари давлат барои таҳкими Истиқлоли давлатӣ ҷонбозиҳо кардаанд. Ба касе пӯшида нест, ки то Роҳбари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон Эъломияи соҳибистиқлолиашро қабул карда буд ва бо марзҳои имрӯзааш вуҷуд дошт, аммо дар он шароит пойдории Истиқлоли давлатиро касе кафолат дода наметавонист. Бинобар ин, Роҳбари давлат аз рӯзҳои аввали фаъолият нахуст ба корҳои давлатсозӣ тамаркуз карданд: дар рафти Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ рамзҳои давлатдорӣ - Парчам ва Нишони давлатиро қабул карда, барои таъсиси Артиши миллӣ тасмим гирифтанд. Соли 1994 бори нахуст Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, ки роҳи минбаъдаи давлатдориро муайяну мушаххас кард. Соли 1995 бошад, яке аз рамзҳои дигари муҳими давлатдорӣ - Суруди Миллӣ қабул шуд. Дар соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ваҳдати пойдор ба вуҷуд омад. Соли 2000 пули миллӣ - сомонӣ ба муомилот баромад. Дар натиҷа, дар як муддати кӯтоҳ тамоми рукнҳои давлатдорӣ ба вуҷуд омада, истиқлоли кишвар таҳким ёфт ва барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам шуд.

Рушди иқтисодӣ

Ҳарчанд аз солҳои аввали сарварӣ муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон барои боздоштани раванди таназзули иқтисодӣ иқдомҳо амалӣ намудаанд, аммо рушди тадриҷии иқтисодии кишвар, аслан, пас аз солҳои 2000-ум ба вуқӯъ пайваст, зеро дар ин давра Роҳбари давлат сохтори давлатдориро пурра ба низом дароварданд ва мақомоти давлатӣ барои ислоҳоти иқтисодӣ комилан омода шуд. Аз ин рӯ, дар аввал раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳадафҳои асосии стратегӣ эълон гардид. Дар доираи ин ҳадафҳо корҳои зиёде анҷом ёфтанд, ки дар натиҷа, кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шуда, мувофиқи дурнамо дар соли 2027 ба истиқлоли комили энергетикӣ низ даст меёбад. Таъмини амнияти озуқаворӣ низ дар марҳилаи комилшавист. Бинобар ин, чанд сол пеш Роҳбари давлат ҳадафи навбатии стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишварро эълон карданд. Ҳарчанд то эълони ҳадафи мазкур низ дар самти саноатикунонӣ корҳои зиёде анҷом ёфтаанд, аммо ҳадафи чоруми стратегӣ эълон шудани он суръати таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатиро ба маротиб зиёд кард. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда иқтисод сол то сол рушд карда, шароити зиндагии шаҳрвандон бамаротиб беҳтар гардид. Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаю барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона шуда, дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт. Ҳамаи ин нишондиҳандаҳо далели рушди босуботи иқтисодӣ - натиҷаи заҳмати Роҳбари давлат аст.

Арҷгузорӣ ба озодиву худсолорӣ

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тҷоикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» соли 2016 расмӣ шуд, як навъ арҷгузорӣ на танҳо ба Роҳбари давлат, балки ба озодию худсолории кишвар аст. Чунки агар кишвар демократию ҳуқуқбунёд намешуд ва институти президентӣ дар он амал намекард, ба ҳеҷ ваҷҳ рӯзи махсусеро ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил карда наметавонистем. Дар баробари ин, демократию ҳуқуқбунёдию дунявият ва шакли идоракунии президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри конститутсионист. Аз ин рӯ, месазад, ки ин рӯзро гиромӣ дошт ва барои расидан ба ин рӯзҳои пурсаодат, ки натиҷаи амали институти президентӣ ва заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, шукр­гузор буд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: