https://sadoimardum.tj

Ҳамкориҳои парлумонӣ бо Россия баррасӣ шуд

№:135 (5031) 17 ноя 2025, 18:00
0

14-уми ноябри соли 2025 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода бо раиси Кумитаи Думаи давлатии Федератсияи Россия оид ба корҳои ИДМ, ҳамгироии  Авруосиё   ва робита бо ҳамватанон Леонид Калашников мулоқот намуд. 

Зимни мулоқот оид ба тавсеаи ҳамкориҳои байнипарламентӣ, таҳкими заминаҳои қонунгузорӣ ва масъалаҳои марбут ба  муҳоҷирати меҳнатӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарламентӣ тавассути муколама, вохӯриҳои мунтазам ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои дуҷониба, ҳамчунин, густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: