Ҷаласаҳои комиссияҳои доимии АБ ИДМ
13-уми ноябри соли 2025 дар бинои парламенти Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Рустам Шоҳмурод ҷаласаи комиссияи мазкур баргузор шуд, ки дар он намояндагони парламентҳои ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Россия иштирок карданд.
Дар ҷаласа, нахуст, намояндаи Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Владимир Варданян муовини раиси комиссияи доимии мазкур интихоб шуда, дар идома лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ «Дар бораи танзими ҳуқуқии мубориза бо зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи шартномаҳои додани амвол барои истифода», «Дар бораи шартномаҳои иҷрои кор ва хизматрасонӣ», «Дар бораи шартномаи нигаҳдорӣ», «Дар бораи шартномаи шарикии одӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила» баррасӣ ва тасдиқ шуданд.
Дар ҷаласа, инчунин, консепсияи лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи платформаҳои рақамӣ ва истифодаи онҳо аз ҷониби иштирокчиёни муомилоти шаҳрвандӣ» ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомнома дар бораи таҳияи санадҳои намунавии қонунгузорӣ ва тавсияҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои иштирокчии ИДМ баррасӣ гардиданд.
***
13-уми ноябри соли 2025 дар бинои парламенти Тоҷикистон, ҳамчунин, таҳти раёсати раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба корҳои байналмилалӣ, дифоъ ва амният Айгул Куспан ҷаласа баргузор гардид, ки дар он намояндагони парламентҳои кишварҳои узви ИДМ ва коршиносон аз созмонҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.
Дар ҷаласа, нахуст, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ Қобилҷон Хушвахтзода ва муовини Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Рубен Рубинян муовинони раиси комиссия интихоб шуданд.
Дар идома, аъзои комиссия дархости Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро дар бораи мақоми нозир дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дастгирӣ карданд.
Муовини раиси дафтари барномаҳои Идораи мубориза бо терроризми Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамкории байнипарлумонӣ дар соҳаи мубориза бо терроризм Мурод Тангиев дар бораи натиҷаҳои конфронси «Танзими қонунгузории мубориза бар зидди истифодаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав барои мақсадҳои террористӣ», ки 17 апрели соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуда буд, маълумот дод.
Қобилҷон Хушвахтзода дар бораи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 суханронӣ кард.
Аъзои комиссия, инчунин, натиҷаҳои иҷлосияи 151-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ ва Конфронси ҷаҳонии парлумонӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз ифротгароиро баррасӣ намуданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
