Робитаҳои парлумонӣ бо Арманистон тавсеа меёбанд
12-уми ноябри соли 2025 раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Рустам Латифзода бо роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Арманистон - Тоҷикистон Алексей Сандиков мулоқот намуд.
Иброз гардид, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Арманистон аҳамияти хоса медиҳанд.
- Ҳамкориҳои мо, пеш аз ҳама, бар асоси принсипҳои эътирофшудаи байналмилалӣ - баробарҳуқуқии давлатҳо, иҷрои софдилонаи уҳдадориҳо, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд сурат мегиранд.
Дар ҳамин поя муносибатҳои Тоҷикистону Арманистон рушд намуда, дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва дигар бахшҳо тавсеа меёбанд, - гуфт Р. Латифзода.
Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ тавассути муколама, вохӯриҳои мунтазам ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои дуҷониба ва бисёрҷониба муҳим арзёбӣ гардид.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
