Баррасии ҳамкориҳои парлумонӣ бо Ӯзбекистон
12-уми ноябри соли 2025 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо Танзила Нарбаева - Раиси Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот намуд.
- Бо шарофати муносибатҳои дӯстонаи сарони давлатҳо - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар тамоми соҳаҳо пешравиҳои назаррас ба вуқӯъ пайваста, муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав расидаанд, - гуфт М. Муинӣ.
Тарафҳо, инчунин, роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои байнипарламентӣ миёни кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати боз ҳам таҳким ёфтани робитаҳо дар самтҳои табодули таҷриба оид ба такмили қонунгузорӣ, парламентаризм, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва тиҷоратии тарафайн ҳамчун шарикони стратегӣ дар таъмини амнияту зиндагии шоистаи аҳолии минтақаҳо ибрози ақида намуданд.
Мулоқоти мазкур дар ҳошияи иштироки ҳайати парламентӣ дар ҷаласаи «Муколамаи занон - неруи тавонои Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
