Таъиноти кадрӣ
18-уми ноябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом доданд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон озод гардида, Насредин Исматулло, ки дорои таҷриба ва собиқаи корӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин карда шуд. Ҳамчунин, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насредин Исматулло аз вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гадида, Ҳамрализода Фаррух, ки дар сохторҳои мақомоти давлатӣ солҳои зиёд фаъолият намудааст, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
www.prezident.tj
Ҳамчунин дигар маводҳо:
