https://sadoimardum.tj

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№:136 (5032) 19 ноя 2025, 17:30
0

Фармони 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон озод намудани Раҳмонзода А.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон озод карда шавад.  

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 18 ноябри соли 2025, №1092

Фармони 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин намудани Насредин Исматулло

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Насредин Исматулло сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин карда шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 18 ноябри соли 2025, №1093

Ҳамчунин дигар маводҳо: