Вохӯрии гурӯҳҳои дӯстии парлумонҳои Тоҷикистону Туркманистон
13-уми ноябри соли 2025 роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Туркманистон Ғайрат Азиззода бо роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Туркманистону Тоҷикистон Сердар Гаипов мулоқот намуд.
Зимни мулоқот густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон ва нақши робитаҳои дӯстона, иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллии мардуми Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳаммедов дар таҳкими шарикии стратегии ду кишвар махсус таъкид гардид.
Ҳамчунин, тақвияти ҳамкории байнипарлумонии кишварҳо чун шакли самараноки ҳамкории байналмилалӣ, тавассути мубодилаи таҷриба, таҳияи мавқеъҳои муштарак дар масъалаҳои мубрам ва иштироки муштарак дар ташкилотҳои байналмилалии парлумонӣ муҳим арзёбӣ шуд.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
