https://sadoimardum.tj

Намоди ифтихори миллӣ

№:138-139 (5034-5035) 24 ноя 2025, 08:59
0

Ифтихормандам, ки дар маросими парафшон гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165-метра, ки 30-юми августи соли 2011 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, ширкат доштам. Хуб дар хотир дорам, ки Парчами давлатии Тоҷикис­тон дар паҳлуи чапи Қасри миллат зери навои Суруди Миллии Тоҷикистон ба баландии он замон рекордӣ дар ҷаҳон - 165 метр бардошта шуд ва намояндаи китоби «Рекордҳои Гиннес» ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи тасдиқкунандаро супорид.

Қобили зикр аст, ки паҳноии Парчам 30 ва дарозии он 60 метр буда, аз ҷониби бинокорони корхонаи «Алюминсохтмон» ва Ширкати байналмилалии «Трайдент Саппот» бунёд ёфтааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон ва кулли тоҷикону ҳамватанони бурунмарзиро бо ин рӯйдоди пурмоҳияту фараҳбахш табрик гуфта, таъкид карданд, ки Парчами давлатӣ дар замони муосир аз рамзҳои асосии мавҷудияти давлат буда, бинобар дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аҳамияти муҳим доштан, вазъи ҳуқуқии он бо Конститутсия ва қонунҳо танзим мешавад. Хурсандиовар аст, ки ҳоло майдони атрофи Парчами давлатии Тоҷикистон бо ҳавзҳо ва гулгаштҳои зебою дилнишини худ ба мавзеи сайру тамошо ва истироҳату фароғат табдил ёфтааст.

***

Тавре муаррихон нигош­таанд, «Парчам замоне рӯи кор омад, ки китоби «Авесто» иншо нагардида буд». Ҳамзамон, дар сарчашмаҳо дар бораи империяҳои бузурги тоҷикон ва парчамдории онҳо далелҳои зиёде мавҷуданд ва шаҳодат медиҳанд, ки империяи бузурги Сосониён низ парчами мушаххас дошт, ки дорои сангҳои қиматбаҳо буд. Тибқи «Шоҳнома», дар замони аҷдодони пурифтихорамон нақши парчам хеле барҷаста буд. Дар замони Ҳахоманишиҳо ин муқаддасот бо номи дирафш дар сарчашмаҳо омада, шаҳомати империяи Куруши Кабирро ба маъраз гузоштааст. Ҳахоманишиҳо, Ашкониён, Кӯшониён, Тоҳи­риён, Яфталиён, Сосониён, Саффориён, Ғуриён, Сомо­ниён низ ливои худро доштанд. Дар таърих дирафши тоҷикон бо номи Дирафши ковиёнӣ машҳур буда, дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ хеле возеҳ бозгӯӣ шудааст. 

Пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар яке аз дастовардҳои беназир қабули Парчами давлатӣ маҳсуб шуда, 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. Шашуми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки тибқи моддаи 3 он Парчам ҳамчун рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуда, хусусияти конститутсионӣ касб намуд.

11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шудани Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқии ин раванд буда, дар қисми якуми он муқаррар гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Пас аз қабули Низомнома, 12 майи соли 2007, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, моҳият ва тартиби истифодабарии Парчами давлатиро муқаррар намуд. 

***

Тибқи қонунгузорӣ, эҳтироми Парчаму Нишони давлатӣ ва Суруди Миллӣ, аз ҷумла азёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Нисбат ба рамзҳои давлатӣ беҳурматӣ зоҳир накардан далели ҷойгоҳи хосаи онҳо маҳсуб мешавад.

Тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян кардааст. Баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносии сиёсии шаҳрвандон тавассути арҷгузорӣ ба Парчами давлатии Тоҷикистон соли 2016 ба ин санади меъёрии ҳуқуқӣ илова ворид гардида, тибқи он ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқуқи истифодаи Парчам дода шуд. Бо қабули меъёри мазкур шаҳрвандони кишвар ҳуқуқ пайдо карданд бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ аз ин рамзи муқаддас истифода намоянд. Иловаи мазкур аз ҷумла, ба афрохтани Парчам дар манзилҳои истиқоматӣ рабт дорад. 

Далер АБДУЛЛО, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: