Муҳокимаи парлумонии рафти иҷрои қонуни буҷет
Бисту якуми ноябри соли 2025 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» дар 9 моҳи соли 2025 муҳокимаи парламентӣ баргузор шуд, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, инчунин, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Абураҳмон Ҳалимзод, раиси Палатаи ҳисоб Ҷамшед Каримзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Фарҳод Восидиён, муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Талбакзода, муовини якуми сардори Хадамоти гумрук Азим Турсунзода ва муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ иштирок доштанд.
Шермуҳаммад Шоҳиён изҳор дошт, ки мақсади асосии муҳокимаи парлумонӣ таҳлили ҳамаҷонибаи нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти буҷет, баррасии самаранокии сиёсати молиявии давлат ва муайян намудани омилҳои таъсиргузор ба иҷрои нишондиҳандаҳои буҷет мебошад.
- Дар шароити кунунӣ, ки иқтисоди ҷаҳонӣ таҳти таъсири омилҳои беруна ва дохилӣ қарор дорад, буҷети давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо воситаи маблағгузории хароҷоти давлатӣ, балки фишанги муҳими татбиқи сиёсати иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими суботи макроиқтисодӣ мебошад. Дар ҳамин замина, муҳокимаи парламентии имрӯза бояд хусусияти таҳлилӣ ва амалӣ дошта бошад. Ҳар як савол, эрод ва тавсияи вакилони муҳтарам метавонад ба такмили сиёсати буҷетӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии маблағҳои давлатӣ мусоидат намояд, - зикр кард номбурда.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ғиёсиддин Ашурзода оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» дар 9 моҳи соли 2025 маълумоти муфассал дод. Зикр шуд, ки қонуни мазкур 4 декабри соли 2024 қабул ва тибқи он соли 2025 даромади буҷети давлатӣ 49,6 млрд. сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Хароҷоти буҷет ба 51,6 млрд. сомонӣ баробар буда, барои таъмин ва рушди соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, мудофиа ва мақомоти давлатӣ, равона шудааст.
- Аз таҳлилҳо бармеоянд, ки вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати идоракунии самараноки молияи давлатӣ ва иҷрои сифатноки буҷети давлатӣ корҳои муайянро ба анҷом расонидаанд. Қабул ва амалӣ гардидани тадбирҳои ислоҳотӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ имкон доданд, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои молиявӣ, макроиқтисодӣ ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ мусбат таъмин карда шаванд. Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025 бо барзиёдӣ дар сатҳи 110,5 фоиз таъмин шуда, ба буҷети давлатӣ 42,2 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 4,0 млрд. сомонӣ зиёд мебошад, - зикр кард номбурда. - Дар ин давра ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ 4,3 млрд. сомонӣ ва ба суратҳисоби махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз ҳисоби даромад аз хизматрасониҳои пулакӣ 3,1 млрд. сомонӣ ворид шудааст.
Бино ба гуфти ӯ, дар давраи мавриди назар хароҷоти буҷети давлатӣ 38,4 миллиард сомонӣ буда, ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 7,1 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва самтҳои иҷтимоии афзалиятнок 17,1 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки 44,5 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Танҳо барои пардохти фонди музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ 9,9 миллиард сомонӣ равона шудааст.
Барои сохтмони иншооти муҳими давлатӣ ва иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағгузориҳои мутамаркази буҷетӣ 8,2 миллиард сомонӣ, аз ҷумла барои идомаи корҳои сохтмонии НБО «Роғун» 5,3 миллиард сомонӣ, маблағгузорӣ гардидааст.
Ҳамзамон, иброз гардид, ки дар ин давра аз тарафи Палатаи ҳисоб 117 чорабинии аудиторӣ гузаронида шуда, дар маҷмуъ, 22 ҳазору 134 ҳолати вайронкунии қоидаҳои молиявӣ ба маблағи 989,6 миллион сомонӣ муайян шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 584,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар баробари ин, аз Палатаи ҳисоб даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда ба роҳ монда, барои боз ҳам беҳтар намудани сифати арзёбии истифодаи самараноки маблағҳо ва захираҳои давлатӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешад.
Инчунин, зикр гардид, ки дар нуҳ моҳи соли 2025 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 359 тафтишу санҷиш анҷом дода, ба маблағи 837,2 млн. сомонӣ зарари молиявиро ошкор намудааст. Аз ҷумла, 29,9 млн. сомонӣ хароҷоти ғайриқонунӣ, 568,6 млн. сомонӣ камомад ва тасарруф, 115,2 млн. сомонӣ изофанависӣ дар корҳои сохтмону таъмир, 2,6 млн. сомонӣ зарар аз амалиёти фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, 51,4 млн. сомонӣ талафи воситаҳои пулию молӣ ва 69,5 млн. сомонӣ маблағҳои камҳисобшуда ё рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ мебошанд.
- Аз таҳлили иҷрои буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли 2025 муайян гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» таъмин гардида, сиёсати монетарӣ ва фискалӣ дар сатҳи зарурӣ татбиқ гардида истодааст, - таъкид кард Ғ. Ашурзода.
Файзиддин Қаҳҳорзода иброз дошт, ки рушди воқеии иқтисодиёти кишвар дар ин давра дар сатҳи 8,2 фоиз ва иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар сатҳи 110,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 42,2 млрд. сомонӣ ворид шуд, ки ба 35,8 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар аст.
Бино ба гуфти ӯ, иҷрои нақшаи воридоти маблағҳо аз ҳисоби мақомоти андоз дар сатҳи 114,6 фоиз таъмин шуда, воридоти маблағҳо 19,4 млрд. сомониро ташкил додааст. Ҳамзамон, воридоти маблағ аз ҳисоби мақомоти гумрук дар сатҳи 119,5 фоизи нақша ё дар ҳаҷми 9,2 млрд. сомонӣ таъмин гардидааст.
Нақшаи даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ бо барзиёдӣ дар сатҳи 110,3 фоиз таъмин гардида, воридоти маблағҳо 2,2 млрд. сомониро ташкил додааст. Инчунин, ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби ташкилотҳои буҷетӣ 2,1 млрд. сомонӣ ворид шудааст.
Дар баробари ин, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби маблағҳои қарзию грантии 82 лоиҳаи давлатии сармоягузории татбиқшаванда 5,2 млрд. сомонӣ аз худ карда шудааст, ки аз он 3,8 млрд. сомонӣ маблағҳои грантӣ ва 1,4 млрд. сомонӣ маблағҳои қарзӣ мебошанд.
Маблағе, ки ба суратҳисоби махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз ҳисоби даромад аз хизматрасониҳои пулакӣ ворид шудааст, ба 3,1 млрд. сомонӣ баробар буда, он бо бартарият барои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ равона гардидааст.
- Маблағгузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» ва афзалияти муқарраршуда амалӣ гардида, маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар ин давра 38,4 млрд. сомониро ташкил дод. Аз маблағи умумии мазкур 30,7 млрд. сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, 2,5 млрд. сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ва 5,2 млрд. сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардид. Барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 17,1 млрд. сомонӣ равона шуд, ки он 44,5 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро дар ин давра ташкил медиҳад, - гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода.
Тибқи иттилои вазири молия, дар моҳҳои январ-сентябри соли ҳисоботӣ барои пардохти музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ 9,9 млрд. сомонӣ ё 25,8 фоизи маблағи умумии хароҷоти буҷет ва ба дигар моддаҳои ҳимояшаванда, бахусус, барои пардохти нафақа 3,8 млрд. сомонӣ, хизматрасонии коммуналӣ 362,1 млн. сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо 639,4 млн. сомонӣ, идрорпулӣ 140,0 млн. сомонӣ равона шуд. Дар ин раванд, бо мақсади пардохти саривақтии фонди музди меҳнат дар 9 моҳи соли равон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат 2,1 млрд. сомонӣ мусоидати молиявӣ ҷудо гардидааст.
Бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои молиявии кишвар дар назди шарикони рушд вобаста ба хизматрасонии қарзи берунаи давлатӣ 3,2 млрд. сомонӣ, аз ҷумла барои қарзи асосӣ 2,6 млрд. сомонӣ ва фоизи қарз 670,1 млн. сомонӣ, пардохт шудааст.
Дар баробари ин, иҷрои уҳдадориҳои қарзи дохилии давлатӣ, дар маҷмуъ, 627,3 млн. сомонӣ пардохт гардидааст, ки аз он қарзи асосӣ 579,0 млн. сомонӣ ва фоизи он 48,3 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 5,2 млрд. сомонӣ аз худ шудааст, ки аз он 3,8 млрд. сомонӣ ё 73,0 фоиз маблағҳои грантӣ ва 1,4 млрд. сомонӣ ё 27,0 фоиз маблағҳои қарзӣ мебошад.
Дар муҳокимаи парлумонӣ вакилон, ҳамчунин, ҳисоботи Нусратулло Давлатзода, Азим Турсунзода, Абдураҳмон Ҳалимзод, Ҷамшед Каримзода ва Сулаймон Талбакзодаро шунида, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» дар 9 моҳи соли 2025-ро қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Дар фарҷом, бо назардошти таклифу дархост ва пешниҳодҳо, қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парлумонӣ қабул шуданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло Алиев
Ҳамчунин дигар маводҳо:
