https://sadoimardum.tj

НБО «Хуталон» кай ва дар куҷо сохта мешавад?

№:140 (5036) 26 ноя 2025, 20:37
0

31-уми октябри соли равон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он баробари дигар мас­ъалаҳо, ҳамчунин, дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Хуталон» шахсони масъул гузориш дода буданд. Инчунин, сеюми ноябр бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷурабек Муҳаммадзода директори Муассисаи давлатии «Маркази тат­биқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Хуталон» таъин гардид. 

Азбаски то таъсиси муассисаи мазкур дар бораи Неругоҳи барқи обии «Хуталон» дар ҳеҷ ҷо гузорише нашр нашуда буд, аксаран донис­тан мехоҳанд, ки ин неругоҳ дар куҷо ва кай бояд сохта шавад. Бо мақсади равшанӣ андохтан ба ин мавзуъ мо ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардем. Тавре аз вазорати мазкур иттилоъ доданд, мувофиқи нишондиҳандаҳои пешнавишти асос­ноккунии техникию иқтисодӣ, Неругоҳи барқи обии «Хуталон» («Шӯроб») дар маҷрои дарёи Вахш, дар байни ду неругоҳи барқи обии бузург - НБО «Роғун» (аз боло) ва НБО «Норак» (аз поён) бунёд хоҳад шуд. Иқтидори ­лоиҳавии неругоҳ бо насби 6 гидроагрегат 800 МВт муайян шуда, истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқ дар он 2,684 ГВт/соатро ташкил хоҳад дод. Сарбанди неругоҳ гиливу сангӣ буда, бо баландии 76 метр ва паҳноии 234 метр сохта мешавад. Бунёди толори агрегатҳо бо дарозии 225 метр, паҳноии 45 метр ва баландии 60 метр ба нақша гирифта шудааст. Ҳаҷми оби фоиданок 4 млн.м/куб аст. Муҳлати сохтмони неругоҳ 72 моҳ пешбинӣ шуда, арзиши лоиҳа 2,247 млрд. доллари ИМА арзёбӣ гардидааст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон бо захираҳои бузурги обӣ ва мавқеи мувофиқи ҷуғрофӣ дорои иқтидори зиёди энергетикӣ буда, бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар афзалияти кори Ҳукумати кишвар қарор дорад. Расидан ба истиқлоли энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар эълон гардида, дар доираи он то имрӯз садҳо МВт иқтидорҳои энергетикӣ ба истифода дода шудаанд. Бино бар дурнамо, дар соли 2027 бо ба истифода додани агрегатҳои навбатии НБО «Роғун» ва ивази ду агрегати фаъол ба агрегатҳои иқтидорҳои калонтар кишвар пурра ба истиқлоли энергетикӣ ноил мешавад.

Бунёди НБО «Хуталон» бошад, як қадами ҷиддии дигар дар самти рушди иқтисоди «сабз» маҳсуб ёфта, мавриди истифода қарор гирифтани он боиси боз ҳам рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар мегардад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: