https://sadoimardum.tj

Ҷаласаи АБ ИДМ оид ба таҳияи фарҳанги истилоҳот

№:140 (5036) 26 ноя 2025, 20:41
0

20-уми ноябри соли равон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибиосия Аюбӣ дар шаҳри Санкт - Петербург дар ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба таҳияи фарҳанги истилоҳот ва мафҳумҳое, ки дар таҳияи санадҳои қонунгузории соҳаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ истифода мешаванд, иштирок намуд. 

Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ лоиҳаи фарҳанги истилоҳот ва мафҳумҳое, ки дар таҳияи санадҳои қонунгузории соҳаи сох­тори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ истифода мешаванд, дар таҳрири нав мавриди муҳокима қарор дода шуд. Аъзои гурӯҳи корӣ барои такмили шарҳи истилоҳоту мафҳумҳои соҳаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ, бо назардошти муқаррароти санадҳои қолабии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва қонунгузории миллии давлатҳои иштирокдори ИДМ, пешниҳодҳои худро манзур намуданд. Дар ҷаласа аз ҷумла, истилоҳоте, ки дар заминаи мафҳумҳои «маҳаллӣ» ва «мунисипалӣ» сохта шудаанд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: