https://sadoimardum.tj

Робитаҳои парлумонӣ бо Арабистон таҳким меёбанд

№:140 (5036) 26 ноя 2025, 20:43
0

24-уми ноябри соли 2025 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Илҳом Камолзода бо сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдурраҳмон Ар-Решайдон мулоқот намуд.

Гуфта шуд, ки гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ барои рушди робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишварҳои мо нақши муҳим мебозанд. 

- Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ таърихан робитаҳои дӯстона ва эҳтироми мутақобила доранд. Мо бовар дорем, ки фаъолияти густурдаи гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ метавонад ин равобитро ба сатҳи нав барорад. Парлумонҳо, ҳамчун ниҳодҳои намояндагӣ ва қонунгузор, на танҳо ҷанбаҳои сиёсиро мустаҳкам мекунанд, балки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангиро низ амиқтар мегардонанд, - изҳор дошт И. Камолзода.

Зикр шуд, ки тарафҳо ҷонибдори таҷдид ва густариши сафарҳои кории ҳайатҳои парламентӣ буда, бо чунин сафарҳо вакилони мардумӣ метавонанд ба таври мустақим аз таҷрибаи қонунгузорӣ ва сиёсати иқтисодии кишварҳои якдигар огоҳ гарданд.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: