https://sadoimardum.tj

Сафари Файзалӣ Идизода ба Арабистони Саудӣ

№:3-4 (5055-5056) 07 янв 2026, 16:56
0

3-юми январи соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сафари корӣ ба Арабистони Саудӣ рафт.

Дар ин сафар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот,  оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҳамроҳӣ карданд.

4-уми январи соли 2026 вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикис­тону Арабистони Саудиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки робитаҳои дӯстона ва бародаронаи ду кишвар дар заминаи эҳтироми мутақобила ва муштарак рушд меёбанд.

Раиси Маҷлиси намояндагон ба сатҳи баланди муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ишора намуда, нақши парламентҳоро дар таҳкими ин раванд муҳим арзёбӣ кард.

Дар ҷараёни вохӯрӣ, инчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти қонунгузорӣ, табодули таҷриба байни парламентҳо, ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар созмонҳои байналмилалӣ ва рушди ҳамкориҳои гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ баррасӣ шуданд.

Дар доираи сафари корӣ мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Файзалӣ Идизода бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабис­тони Саудӣ Холид Ал-Хаттоф баргузор гардид.

Зимни  мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ба густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон аз иқтидори мавҷудаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фазои мусоиди сармоягузорӣ ва ислоҳоти анҷомдодаи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти сармоягузорӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки таҳкими ҳамкориҳо бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба манфиати ҳарду кишвар мебошад.

5-уми январи соли 2026 ­Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода, ҳамчунин, бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои Шоҳигарии Арабис­тони Саудӣ Холид Муҳаммад мулоқот намуд.

Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки муносибатҳои тиҷоратии байни давлатҳои мо аз самтҳои афзалият­ноки сиёсати иқтисодии хориҷии Тоҷикистон ба шумор рафта, умед бар он дорем, ки ҳамкориҳо бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам вусъат меёбад. Инчунин, зикр шуд, ки ба имзо расидани Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба таъсиси Шурои муштараки соҳибкорони Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон қадами устувор дар самти рушди тиҷорати Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: