https://sadoimardum.tj

Баррасии ҳамкории парлумонӣ бо САҲА

№:140 (5036) 26 ноя 2025, 20:47
0

24-уми ноябри соли равон муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бо намояндаи махсуси Раиси амалкунандаи САҲА оид ба масъалаҳои гендерӣ, узви Парлумони Финландия хонум Саара-София Сирен мулоқот намуд.

- Мо мулоқоти Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ассамблеяи парлумонии САҲА, узви Парлумони Финландия хонум Пиа Лииса Каумаро, ки моҳи апрели соли ҷорӣ баргузор гардид, идомаи талошҳои пайвастаи ду ҷониб ба хотири рушди минбаъдаи ҳамкорӣ арзёбӣ менамоем. Итминон дорем, ки мувофиқаҳои дар ҷараёни мулоқоти мазкур ҳосилшуда ба ҳамкориҳои ду ҷониб дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо такони тоза мебахшанд, - гуфт М. Муинӣ. 

 Зимни суҳбат таҳкими ҳамкорӣ барои роҳандозии лоиҳаҳои муассир мутобиқ ба Ҳадафҳои рушди устувор, бахусус ҷиҳати тақвияти бахшҳои воқеии иқтисод, беҳбуди зерсохтор, рушди минтақаҳо ва масоили гендерӣ, муҳим донис­та шуд. 

- Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ қонунгузории худро вобаста ба таъмини баробарии гендерӣ, тавсеаи имкониятҳои занону духтарон, пешгирии ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба онҳо дар асоси равиши рушди ҷомеа такмил хоҳад дод. Мо ҷонибдори ҳамкорӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, фаъолгардонии робитаҳои байнипарлумонӣ, махсусан гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ, ҳастем, - иброз дошт М. Муинӣ.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: