Ҳамкорӣ бо СММ дар масъалаи занон тавсеа меёбад
25-уми ноябри соли 2025 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо роҳбари Дафтари кор бо занони СММ дар Осиёи Марказӣ хонум Ҷерен Гувен Гюрес мулоқот намуд.
Таъкид шуд, ки бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар самти ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, таъмини баробарии гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқи занон ва афзоиши назарраси нақш ва таъсири онҳо дар парлумон, Ҳукумат ва идораи давлатӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил шудааст.
- Қонунгузории миллӣ бо стандартҳо ва ҳадафҳои нав, ки вазъи занонро беҳтар мекунанд, пурра карда мешаванд. Парлумони Тоҷикистон дар мутобиқсозӣ ва такмили қонунгузории миллӣ бо меъёрҳо ва уҳдадориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон (CEDAW), фаъолона иштирок мекунад, - гуфт М. Муинӣ.
Зикр гардид, ки айни замон ҳиссаи вакилонзанон дар Маҷлиси намояндагон наздики 29 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳандаи камназири роҳбарӣ ва иштироки занон дар қабули қарорҳо мебошад. Саҳми занони Тоҷикистон дар рушди маориф, тандурустӣ, илм, соҳибкорӣ, инчунин, таъмини суботи иҷтимоӣ ва сулҳ назаррас арзёбӣ шуд.
Изҳори боварӣ гардид, ки Созмони занони СММ ҷиҳати амалӣ намудани талошҳои минбаъдаи Тоҷикистон барои тақвияти баробарии гендерӣ, расонидани кумаки техникӣ барои анҷом додани сафарҳои омӯзишиву таҷрибавӣ дар такмили қонунҳои соҳавии миллӣ вобаста ба масоили гендерӣ бо парламенти кишвар ҳамкории густурда хоҳад дошт.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
