https://sadoimardum.tj

Пайравони Пешвои миллат аз бинои нави парламент дидан намуданд

№:141 (5037) 28 ноя 2025, 20:50
0

26-уми ноябри соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар Маҷлиси намояндагон дарси нав­батии маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»-ро бо мақсади омӯзиши мактаби давлатдорӣ ва баҳравар гардидани ҷавонон аз сиёсати созандаи Асос­гузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти парламент, рушд ва низоми қонунгузорӣ, саҳми Пешвои муаззами миллат дар рушди парламентаризми Тоҷикистон доир намуд, ки дар он наздики 100 нафар ҷавонони ­фаъоли касбу кори гуногуни ҷумҳурӣ иштирок карданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон ба ҷавонон доир ба самтҳои асосии фаъо­лияти Маҷлиси намояндагон ва мактаби давлатдории Пешвои миллат, дастовардҳои кишвари азизамон давоми 35 соли соҳиб­истиқлолӣ, баланд гардидани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷонибдорӣ гардидани ташаббусҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маълумоти ҷолиб пешниҳод намуд. 

- Асосгузори парламентаризми навини тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз, бо заҳмату талошҳои муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пойдевори парламентаризми муосири тоҷик гузошта шуд ва рушд ёфт, - таъкид намуд Файзалӣ Идизода. 

Раиси Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, дар бораи ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба ҷавонон, занону духтарон ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таҳсилу фаъолияти онҳо ибрози андеша намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои азизу муътабари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқу миллати хеш ва ободии Тоҷикистони азиз софдилона ва содиқона меҳнат намоянд. 

Баъд аз анҷоми суҳбат ҷавонон аз толорҳои барҳавои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷраҳои кории вакилон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дидан намуданд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: