Бунёди иншооти наву замонавӣ дар деҳоти Рӯдакӣ
Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Роҳатӣ ва Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ бомаром идома дорад. Сокинони ин ҷамоатҳо бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҳамарӯза дар ҳашарҳои дастҷамъӣ иштирок карда, саҳми худро дар ободии як гӯшаи диёри хеш мегузоранд.
Ҳамчунин, дар деҳаи Мавлавии деҳоти Гулистон корҳои сохмтонӣ дар бинои маркази инкишофи барвақтии кӯдак барои 100 нафар кӯдакон ва бинои асосии муассисаи таълимии №198 барои 480 нафар хонанда дар ду баст дар арафаи анҷомёбист.
Бунёди иншооти мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Абдуғаффор Ҳикматуллозода ба роҳ монда шуда, дар сохтмони онҳо саҳми соҳибкорони ватандӯст анҷом дода мешавад. Муассисаҳои наву замонавӣ ба деҳоти мазкур ҳусни тоза зам менамояд. Сокинон иброз доштанд, ки бо ғамхории Сарвари давлат минтақаи Роҳатӣ ободу зебо гардида, беҳтарин шароити зиндагӣ барои сокинон муҳайё аст.
С. МАҲМУД,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
