https://sadoimardum.tj

«Шоҳнома» ба сокинони Суғд ҳам дастрас мешавад

01 дек 2025, 08:00
0

1 миллиону 50 ҳазору 704 нусха китоби «Шоҳнома» тавассути қатора ба вилояти Суғд расид, ки ба 525 ҳазору 352 оила дуҷилдӣ туҳфа карда мешавад. 

Бояд гуфт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва афзоиши таҳдидҳо ба забон ва фарҳанги миллӣ омӯзиш ва таблиғи адабиёти классикӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти рӯзмарра пайдо кардааст. Маҳз бо дарки ҳамин омил ва эҳсосӣ масъулият нисбат ба ҳувияти миллӣ бо иқдоми Пешвои миллат дар саросари кишвар тақсими китоби «Шоҳнома» оғоз ёфтааст. 

Ин иқдоми фарҳангӣ натанҳо арҷгузорӣ ба мероси бузурги гузашта, балки омили муҳими бедории миллӣ, маънавӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ арзёбӣ мегардад. 

Ҳадаф аз ин ташаббус, инчунин, таблиғи арзишҳои фарҳанги миллӣ, боло бурдани сатҳу маърифат ва ба роҳ мондани мутолиаи китоб дар байни насли ҷавон ва ҷомеа мебошад. 

Маврид ба зикр аст, ки ин иқдоми наҷиб ва фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари тақдими асари барҷастаи аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» метавонад барои боло рафтани ҳисси худогоҳию хештаншиносии ҳар як сокини кишвар хихмат карда, барои тарбияи насли бедору созанда ҳамаҷониба мусоидат намояд.   

Н. ТУРСУНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: