Муродулло ШЕРАЛИЗОДА
Шахсияти наҷиб, донишманди фозил ва аввалин сармуҳаррири «Садои мардум»
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент 26-27 ноябри соли равон дар шаҳри Панҷакент 80-солагии мавлуди муаррих, журналист, вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахустин сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» ва аввалин қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ Муродулло Шерализода таҷлил шуд.
Ҳайати меҳмонон иборат аз рӯзноманигорон, адибон, вакилони мардумӣ, собиқадорони меҳнати ҷумҳурӣ ва намояндагони аҳли фарҳанги Ӯзбекистон, нахуст, ба Муассисаи давлатии «Маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷрӯд» ташриф оварданд. Зимни зиёрати оромгоҳи Сардафтари адабиёти классики тоҷику форс устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ меҳмонон аз ашъори «Соҳибқирони шоирон» порчаҳо қироат карданд. Меҳмонон дар осорхона бо таърихи бунёди мақбараи Рӯдакӣ, осори дар солҳои гуногун нашршудаи шоир ва маъхазҳои нодире ошно гаштанд, ки аз рӯзгори устод Рӯдакӣ қисса менамоянд. Сипас, меҳмонон ба деҳаи Кулолии деҳоти Рӯдакӣ рафта, дар МТМУ №7, ки номи Муродулло Шерализодаро дорад, дар пояи нимпайкараи ӯ гул гузоштанд.
Қобили зикр аст, ки дар арафаи 80-солагии Муродулло Шерализода мактаб хушсифат таъмир ва бо панели офтобӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Саҳни мактаб шабона чароғон буда, рӯзона тамоми таҷҳизоти барқии синфхонаҳо бе мушкилӣ фаъолият мекунанд.
Иштирокчиёни чорабинӣ, ҳамчунин, аз хона-музеи Муродулло Шерализода, ки дар хонаи падариаш бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бозсозӣ шудааст, дидан намуданд.
Оромгоҳи ин шаҳиди роҳи озодӣ дар зодгоҳаш низ таъмиру таҷдид шуда, намои нав гирифтааст. Меҳмонони маҳфил зимни зиёрат ба руҳи Муродулло Шерализода дуо фиристода, ба хотираи некаш арҷгузорӣ намуданд.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода маҳфили гиромидошти Муродулло Шерализодаро ҳусни оғоз бахшида, дар бораи зиндагиномаи вакили парлумон ва рӯзноманигори машҳур мухтасар маълумот дод.
Шоири шинохта Меҳринисо Бобобекова ба дастандаркорони маҳфили ёдбуди Муродулло Шерализода арзи сипос карда, иброз намуд:
- Гӯри хунини шаҳидон ба ту овоз диҳад:
Оташеро, ки фурӯзон шуда, хомӯш макун,
То ба умеди вафои ту гузаштем зи ҷон,
Дӯстонро мабар аз ёду фаромӯш макун.
Ин таъкиди ҳар як шаҳидест, ки дар роҳи Ватан, дар роҳи беҳбудии зиндагии халқ, баробарӣ, соҳиби иқболу саодатманд шудани мардум кӯшиш кардааст.
Забоншинос, рӯзноманигор ва узви фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Ӯзбекистон Амина Шарофиддинова чунин ёдовар шуд:
- Ман бо шодравон Муродулло Шерализода ду бор вохӯрдаам. Ҳеҷ гумон надоштам, ки дидори мо бо ҳамин тамом мешавад. Вақте хабари вафоташро шунидам, хеле ашк рехтам, зеро мақолаҳояшонро хонда, суханрониҳояшонро шунида, ба ин инсони шарифи заминию самимӣ ихлосманд будам. Ҳарчанд аз кӯҳ дур шавӣ, шаҳомати кӯҳ ҳамон қадар бузургтар мешавад. Ба ҳамин монанд гузашти солҳо ин шахсияти бузургро аз мо дур мебарад, лекин шаҳомати ӯ торафт зиёдтар мегардад. Самараи баргузории чунин маҳфилҳо буд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ бисёриҳо Муродулло Шерализодаро мешиносанд.
Муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Абдулло дар бораи фаъолияти Муродулло Шерализода сухан карда, аз номи идораи рӯзномаи «Садои мардум» ба хона-музеи ӯ туҳфаи хотиравӣ супурд.
Дар фарҷоми чорабиниҳо дар зодгоҳи Муродулло Шерализода меҳмонон аз осорхонаи шоири номвари тоҷик Мастон Шералӣ, толори варзиши муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и деҳаи Зери ҳисор, ки номи ӯро дорад, хона-музеи шоир ва драмнавис Файзулло Ансорӣ дар деҳаи Нигнот, мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро дар деҳаи Мазор, ки соли гузашта дар қатори панҷ ёдгории таърихии шаҳри Панҷакент ба Феҳристи мероси башарии ЮНЕСКО шомил гашта буд, хона-музеи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дидан намуданд.
27-уми ноябр дар шаҳри Панҷакент таҳти унвони «Муродулло Шерализода - ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ» конфронси илмию амалӣ баргузор гардид.
Муовини раиси вилояти Суғд Зуфархон Исмоилзода дар оғози конфронс таъкид намуд, ки зиндагии чунин шахсиятҳои дорои одобу ахлоқи ҳамида, ватандӯст ва содиқ ба ғояҳои инсондӯстӣ барои насли имрӯза намунаи ибрат аст.
- Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятҳои барӯманд ва чеҳраҳои мондагори адабиёту ҳунари миллат ба таври бесобиқа муаррифӣ гардида, ному осори гаронмояи онҳо гиромӣ дошта мешавад. Бо пайравӣ аз ин сиёсати адабпарваронаи Сарвари давлат роҳбарияти вилояти Суғд низ ҷиҳати гиромидошти хотира ва номи неки бузургони илму адаби тоҷик дар миқёси вилоят таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Баргузории конфронси имрӯза гувоҳи ин гуфтаҳост, - иброз намуд Зуфархон Исмоилзода.
Зикр шуд, ки рӯзноманигор, сиёсатмадор ва олими шинохта Муродулло Шерализода зодаи деҳаи Кулолии шаҳри Панҷакент буда, дастпарвари факултаи таърихи Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) мебошад.
Ӯ дар рӯзномаи «Маориф ва маданият», Институти таърихи ҳизби назди КМ ҲК Тоҷикистон, инструктор ва ёрдамчии Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1970-1974 ва 1978-1982 дар шаҳрҳои Мазори Шариф ва Кобули Афғонистон ба сифати тарҷумон ва тарҷумони калон фаъолият дошт. Соли 1990 вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати XII интихоб шуда буд. Бо Қарори Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон 5-уми октябри соли 1990 сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» - органи расмии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Мутаассифона, Муродулло Шерализода 5-уми майи соли 1992 дар айни камолот, дар синни 47-солагӣ ҳадафи тири бадхоҳони миллат қарор гирифт. Муродулло Шерализода ҳамчун донишманди комил, сиёсатмадори варзида, рӯзноманигори соҳибном ва инсони ҳақгӯ шинохта шуда буд.
- Дар он айёми барои ҷумҳурии тозаистиқлоламон ниҳоят душвору пурпечутоб сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Муродулло Шерализода, ҳамчун чеҳраи сиёсии бомасъулият, мардуми кишварро ба сулҳ ва якпорчагӣ даъват мекард. «Садои мардум» он солҳо на танҳо як рӯзнома, балки минбари давлатӣ, оинаи сиёсӣ ва садои расмии парлумони мамлакат буда, дар шароите ки кишвар дар гирдоби буҳрону мухолифатҳо дармонда буд, ин нашрия мавқеи устувори давлат ва ваҳдатро дар байни аҳли ҷомеа ҳифз мекард. Дар он давра бисёр рӯзномаҳо фаъолият доштанд, ки ҳар кадом фикру андешаҳои худро баён мекарданд ва иддае мақолаҳои таҳмилии неруҳои гуногунро ба чоп мерасониданд. Он замон «Садои мардум» ягона рӯзномае буд, ки мавқеи парлумони кишвар, манфиати мардум ва мавқеи қонуни давлатро ҳимоя намуда, аҳли ҷомеаро ба роҳи рост ҳидоят мекард, - иброз намуд раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода.
- Ба истилоҳ, рамзӣ буд, ки душманони ростиву ҳақиқат, маҳз, сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»-ро ҳадафи тир қарор доданд, зеро ӯ журналисти ҳирфаӣ буду худшиносиву меҳанпарастиро сармашқи фаъолият қарор дода, матолиби иншонамудааш аз арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ таркиб ёфтаанд. Ба сифати сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Муродулло Шерализода нафаронеро ба кор ҷалб карда буд, ки ҳоло аз зумраи соҳибмактабон ва номбардорони журналистикаи тоҷиканд. Чунин поягузории ӯ замина фароҳам овард, ки минбаъд «Садои мардум» ба мактаби омодасозии кадрҳои соҳаи журналистика ва дигар сохторҳо табдил ёбад. Даҳҳо нафар аз ин боргоҳи муқаддас ба қуллаҳои баланд расидаанд. Аксар сармуҳаррирону масъулини собиқ ва кунунии рӯзномаву ҳафтанома ва маҷаллаҳои мамлакат замоне корманди «Садои мардум» буданд, - иброз намуд муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Абдулло.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1993 чунин гуфта буданд: «Муродулло Шерализода барин шахсиятҳои наҷиб рӯзгори хешро бидуни хидмати халқ тасаввур карда наметавонистанд. Ӯ, воқеан ҳам, донишманди фозил, фарзонамарди соҳаи фарҳангу маданият, арбоби барҷастаи давлатӣ буда, таҳким бахшидани дӯстии ҷовидонаи тамоми халқҳову миллатҳои ҷумҳуриамон, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азизро ҳадафи волои худ ҳисобида буд».
Дар поёни конфронс бо истинод ба ин баҳои баланди Пешвои миллат таъкид гардид, ки Муродулло Шерализода зиндагиашро то лаҳзаҳои вопасин баҳри хидмат ба халқу ҷомеа бахшида буд, ки ҳаёти чунин фарзандони барӯманди миллат намунаи ибрат аст.
ВОРИС,
Сайфиддин СУННАТӢ,
Ҷамшеди САБОҲИДДИН,
«Садои мардум».
Душанбе-Панҷакент-Душанбе
Ҳамчунин дигар маводҳо:
