Мактаби нотакрор
Дар арафаи 35-умин солгарди чопи шумораи аввалини «Садои мардум» дуюмин сармуҳаррири рӯзнома Мирзомаҳмуд Мирбобоев ба хабарнигори рӯзнома мулоҳизаҳояшро оид ба нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин баён намуд:
- Дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») мудири шуъбаи кори шуроҳо ва солҳои зиёд вазифаи котиби ташкилоти партиявиро ба уҳда доштам. Аз таъсисёбии рӯзномаи «Садои мардум» сарусадоҳо баланд шуд. Панҷуми октябри соли 1990 бо Қарори Совети Олии РСС Тоҷикистон Муродулло Шерализода сармуҳаррири рӯзнома таъин гардид. Баъди чанде ӯ маро даъват карда гуфт, ки шумо солҳои зиёд аст дар рӯзномаи бонуфузи ҷумҳурӣ - «Тоҷикистони советӣ» кор мекунед. Имрӯз зарур шуморидем вазифаи муовини сармуҳаррири рӯзномаи навтаъсисро ба дӯши шумо гузорем. Ҳамчунин, Додоҷон Раҷабӣ низ, ки дар рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» кор мекард, ба рӯзнома даъват шуд. Мо ҳамроҳ бо Муродулло Шерализода ҳайати эҷодии рӯзномаро ҷамъ овардем.
Моҳи октябри соли 1990 дар яке аз ҷаласаҳои Шурои Олӣ масъалаи номгузории нашрия барои баррасӣ пешниҳод гардид. Пешниҳоди аввал ин буд, ки рӯзнома «Овози халқ» ном гирад, аммо сармуҳаррири навтаъин Муродулло Шерализода барои рӯзномаи навтаъсис номи «Садои мардум»-ро пешниҳод намуд. Дар ҷаласа атрофи ин ду ном баҳс доманадор шуд. Муродулло Шерализода исбот кард, ки номи пешниҳодкардааш мардумӣ аст. Дар натиҷа, баъди таҳлил ва баррасии амиқ вакилони ҷаласаи Шурои Олӣ пешниҳоди Муродулло Шерализодаро ҷонибдорӣ карданд.
Рӯзнома дар як ҳафта панҷ маротиба рӯйи чоп меомад ва ҳар шумора аз якдигар бо беҳтарин маводи гуногуни рӯзмарра фарқ мекард. Ҳар субҳ шумораи нави онро меҷустанд. Дар нимсолаи аввали фаъолият рӯзномаи «Садои мардум» ҳам аз нигоҳи муҳтаво ва ҳам теъдоди нашр ба «Тоҷикистони советӣ» баробар шуд. Албатта, чунин дастоварди рӯзнома натиҷаи таҷрибаю дониши баланд, усули роҳбарии Муродулло Шерализода ва иҷрои саривақтии супоришҳои ӯ аз тарафи кормандон буд.
Соли 1991 барои рӯзномаи «Садои мардум» ва кормандони он, ки соли аввали фаъолият буд, бобарор анҷомид. Маҷлисҳо ва иҷлосияҳои Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуну қарорҳо, фармону дастуру супоришҳои Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт рӯйи чоп омада, ба хонандагону ихлосмандони рӯзнома расонида шуд.
Идораи рӯзномаи «Садои мардум» аз рӯзи таъсисёбиаш дар бинои парлумон қарор дошт ва ҳар лаҳза шоҳиди воқеаҳои пурфоҷиа мешудем. Мутаассифона, вазъи ноороми пойтахт ба «Садои мардум» низ бетаъсир намонд. 5 майи соли 1992 ҳеҷ аз ёдам намеравад. Рӯзи шуми таърихист. Муродулло Шерализода маро ба наздашон даъват карданд, худро ноором ҳис мекарданд. Дастур доданд, ки баъди хӯроки нисфирӯзӣ кормандонро ҷамъ оварам ва худашон ба маҷлиси Шурои Олӣ рафтанд. Хаёлан гуфтам, шояд, сармуҳаррир кормандонро бо ҷашни матбуот табрик кунанд. Он рӯз ҷаласа бо ким-кадом як баҳона баргузор нашуд ва онро ба вақти дигар мавқуф гузоштанд. Бегоҳии ҳамон рӯз кормандон дар тараддуди аз кор рафтан буданд. Муродулло Шерализода бо чанд нафар дар саҳни Шурои Олӣ суҳбат доштанд. Ногаҳон ба ӯ тири нохалафи душманони миллат расид ва дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт. Ӯ аввалин қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шуд…
Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ки онро таърихию тақдирсоз номиданд, дар ҳақиқат, таърихӣ буд. Мо, ду нафар аз кормандони рӯзнома, дар кори иҷлосия иштирок кардем. Ман ба ҳайси ҷонишини сармуҳаррир ва Бобоҷон Абдулвоҳидов хабарнигор буданд. Ҳамарӯза аз ҷараёни иҷлосия ба саҳифаи рӯзнома ахборот пешниҳод мекардем ва он таъҷилан чоп мешуд, зеро мардуми Тоҷикистон интизори ҳалли масъалаҳои таъмини тинҷию оромии кишвар буданд. Дар иҷлосия масъалаи интихоби сармуҳаррири нави рӯзнома низ ҷой дошт. Як рӯз пеш Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолияти рӯзнома ва ҳолати кунунии он маро ба суҳбат даъват карданд. Сипас, дар иҷлосия номзадии ман ба вазифаи сармуҳаррири рӯзнома пешниҳод гардид ва баъди шиносоӣ бо вакилон ва иштирокдорони иҷлосия ба овоз монда, маро сармуҳаррир интихоб карданд.
Фаъолияти рӯзномаи «Садои мардум» сол аз сол хубтару беҳтар мешуд. Мавзуъҳои ҷолиби диққат чоп мешуданду сафи кормандон низ аз ҳисоби журналистони касбӣ зиёд мегардид. Маъракаҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоиву варзишӣ баргузор мешуданд ва саҳифаҳои рӯзномаро хонданибоб мекард. Яке аз он омодагиҳо ба рӯзи қабули Конститутсия ва интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ҳайати эҷодии рӯзнома дар ин маъракаи муҳим аз иҷрои вазифаҳояшон баромаданд. Ҳамчунин, дар соли музокироти сулҳи тоҷикон кормандони рӯзнома низ серкор буданд. Ҳар як вохӯрию ҷаласаҳои Комиссияи оштии миллиро дар сатҳи баланд бо гузоришу матлабҳои таҳқиқӣ чоп мекардем.
Имрӯз аз рӯзи таъсиси нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Садои мардум» 35 сол пур мешавад. Дар ҳақиқат, кор дар ҳар нашрия мактаби худро дорад. Мактаби «Садои мардум» нотакрор аст.
Мусоҳиб Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
