https://sadoimardum.tj

Дар дилу дидаи мардум

№:1 (5053), 31 дек 2025, 11:44
0

Дар бораи шодравон Муродулло Шерализода замони таҳсил дар мактаби миёна маълумот доштам. Чун донишҷӯи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон гардидам, ба шарофати устодон ин маълумот такмил ёфт. Маҳз, бардошту шинохти мусбат таваҷҷуҳу рағбати маро ба «Садои мардум», рӯзномае, ки аввалин сармуҳаррираш шодравон буд, фузун кард ва ифтихормандам, ки ҳанӯз замони донишҷӯӣ корманди ин рӯзномаи бонуфуз гардидам. Замони фаъолият дар ин даргоҳ ба шарофати мутолиаи бастаҳои рӯзнома дар шинохти ӯ амиқтар рафтам. 

Қадршиносии ин қаламкаши якдилу яксифату якрӯ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон муттасил аст. Ҳанӯз 16 июни соли 1993 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буданд: «Дар он рӯзҳои беҳокимиятӣ аз ҷониби хоинони миллати тоҷик депутати мардумӣ, сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», инсони поктинат Муродулло Шералӣ ба қатл расонида шуд. Ӯ марде буд, ки тамоми ҳаёти худро барои муттаҳидию якпорчагии ҷумҳурӣ, баҳри пешрафти Тоҷикис­тони азизамон сарф мекард. Суханони пурмаънию ҷозибадори ӯ дар сессияҳои Шурои Олӣ ҳоло ҳам дар гӯшам садо медиҳанд. Хеле хуб аст, ки меҳнаткашони Панҷакент ин марди шарифро бо эҳтироми зиёд пос медоранд. Рӯзи ёдбуди Муродулло, ки чанде қабл ботантана қайд гардид, мақбараи муҳташаме, ки ба хотири ӯ бунёд шуд, шаҳодат медиҳанд, ки кори ҳақ, мубориза бар зидди зулму истибдод ҳама вақт аз ҷониби халқ дастгирӣ меёбанд ва номи муборизон ҳамеша дар дилу дидаи мардум зиндаю ҷовид хоҳад монд». 

Муродулло Шерализода яке аз аввалин қурбониҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аст. Бо куштани ӯ нотавонбинони  миллату давлати тоҷик аз зуҳурашон ҳамчун неруи аҳриманӣ хабар доданд ва рамзӣ буд, ки душманони ростиву ҳақиқат маҳз, сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»-ро ҳадафи тир қарор доданд, зеро ӯ журналисти ҳирфаӣ буду худшиносиву меҳанпарастиро сармашқи фаъолият қарор дода, матолиби иншонамудааш аз арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ таркиб ёфтаанд. 

Дар кӯтоҳтарин муддат тавонист лаёқатмандтарин рӯзноманигоронро гирдаш ҷамъ орад.  Дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намудани рисолат меъёру меҳвари зиндагии номбурда маҳсуб шуда, дар ҳар муассисаю созмоне, ки хизмат намуд, соҳиби обрӯ ва мартабаи баланд гардид.  Аз ин хотир,  ӯ дар лавҳи хотири аҳли ҷомеа  ҳамчун як инсони поквиҷдон, серғайрат ва бошараф боқӣ мондааст. 

Хотироти ҳамкорон аз он шаҳодат медиҳанд, ки  ҳамчун роҳбар шахси кордону варзида будааст. Бо некӣ ёдовар мешаванд, ки услуби роҳбарии устод Шерализода мабнӣ ба ширинзабонӣ, на танҳо дар муоширати самимӣ бо ҳамкорону муроҷиин зоҳир мегардид, балки фазилати забондонии эшон шеваи корбарии «Садои мардум»-ро зебу тақвият мебахшид. Муродулло Шерализода дар фаъолияти рӯзноманигорӣ намунаи масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, садоқат ба арзишҳои инсондӯстӣ ва одобу ахлоқи ҳамида буд. 

Бо шурӯъ гардидани  майдоннишиниҳо дар пойтахт, ки вазъ рӯз ба рӯз муташанниҷ гардида, баъзе аз нашрияҳои ҳукуматӣ ҳам гоҳо миёни майдонҳо «мекалавиданд» ва дар баъзе маврид фаъолияташон хилофи талаботи оинномаҳо сурат мегирифт, алорағми чунин ашхос   Шерализода бо тамоми неруву тавонмандӣ суккони киштии «Садои мардум»-ро устувор нигоҳ дошт. Ба сифати сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» нафаронеро ба кор ҷалб карда буд, ки ҳоло аз зумраи соҳибмактабон ва номбардорони журналис­тикаи тоҷиканд. Чунин поя­гузории ӯ замина фароҳам овард, ки минбаъд «Садои мардум» ба мактаби омодасозии кадрҳои соҳаи журналистика ва дигар сохторҳо табдил ёбад. Пеш аз ҳама, одаму одамгарӣ, хоксориву фурӯтанӣ, одоби баланди муошират, меҳру самимият, панду насиҳати падарона, маслиҳатҳои суд­манд, ҳақгӯиву ҳақҷӯӣ ва якрӯягиву рӯирост ва беибо сухан гуфтанаш дар хотири ҳамкорон нақш баста, сармашқ ва роҳнамои кору фаъолияташон буд.  

 Шоҳидони ҳол аз суҳбатҳо, нутқу суханрониҳои номбурда бо самимият ёдовар мешаванд. Эътирофу арҷгузорӣ мекунанд, ки саҳеҳияти баёну ифоданокии каломаш шоистаи таҳсин буд. Бо забони ноби тоҷикӣ ва мувофиқ бо меъёрҳои гуфтори адабӣ сухан мекард, табиӣ ва ҳадафнок, бидуни истифода аз шева. Муродулло Шерализода, ки табиатан масъулиятшиносу сермаҳсул ва худогоҳу меҳандӯст буд, табиист, ки аз дигарон низ ҳаминро талаб мекард. Яке аз вижагиҳои дигари номбурда, баробари хеле ҷиддӣ ва сахтгириаш, зиндадил буданаш маҳсуб мегардид. Бино ба гуфти дӯстону ҳамкорон, номбурда як истеъдоди табииро доро буд: шунида   тавонистани  шахси дигар. Ба иззати нафси касе намерасид. Барои ин истеъдоди модарзодӣ дошт. 

Нависанда ва журналисти шинох­таи тоҷик Бахтиёр Муртазоев дар як мақолааш дар бораи Муродулло Шерализода чунин нигоштааст: «Мароми зиндагии Муродулло дар мақоми аввал ва бо сифати олӣ анҷом додани вазифаи хидматӣ буд. Дар кадом вазифа будан барои ӯ муҳим набуд. Барояш муҳим он ба ҳисоб мерафт, ки вазифаашро ҳамеша бо масъулият, мувофиқи тавон ба иҷро расонад. Шояд, ба ҳамин ваҷҳ аст, ки Муродулло дар ҳар муассисаю созмоне, ки хизмат намуд, соҳиби обрӯ ва мартабаи баланд гардид. Дар байни тарҷумонҳое, ки дар Афғонистон иҷрои вазифа намудаанд, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ ягона шахсе буд, ки тибқи таомулу тартиботи давр муншии кумитаи ҳизбӣ интихоб гардид. Бовар дошта бошед, ки ин кори андаке нест. Аксари мушовирон ниёзманди машварати ӯ буданд».

Дар маҷмуъ, матолиби ба нашр расондаи рафиқону ҳаммаслакони ин марди шариф перомуни фаъолияти кориву инсониаш ҳама аз меҳру садоқати ӯ нисбат ба Ватану миллат дарак медиҳанд. Воқеан, зиндагии  Муродулло Шерализода барои онҳое, ки ба пешниҳоди иттилоъ машғуланд, намунаи ибрат аст, балки моҳиятан ҳушдор аст, ки ба қадри озодии сухан бидуни сӯиистифода аз ошкорбаёнию озодандешӣ расанд.

Далер АБДУЛЛО,   

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: