https://sadoimardum.tj

Иштироки вакилон дар Конфронси ИП СҲИ

19 май 2025, 11:13
15

14-15 майи соли ҷорӣ  дар шаҳри Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия иҷлосияи 19-уми Конфронси Иттиҳоди парламентии Созмони ҳамкории исломӣ баргузор  гардид, ки дар он ҳайатҳои 38 кишвари узви СҲИ ширкат доштанд.

Конфронс таҳти шиори «Идораи хуб ва ниҳодҳои қавӣ ҳамчун рукнҳои устувор» баргузор шуда, дар ҳошияи иҷлосия вохӯрии аъзои кумитаҳои Иттиҳоди парламентии СҲИ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, тамаддун ва дин, иқтисод ва ҳифзи муҳити зист, масъалаҳои сиёсӣ ва байналмилалӣ, ҳуқуқи инсон, занон ва оила баргузор гардида, ҳамзамон, дар мулоқоти кории байни давлатҳои Осиё ва Африқо ҳамкорӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба ҷаҳонишавӣ ва саҳми мақоми намояндагӣ ва қонунгузории кишварҳо мавриди баррасӣ карор гирифт.

Дар кори иҷлосияи мазкур вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода ва Тоҳир Набизода иштирок намуданд.  

 Иҷлосияи 19-уми Конфронси Иттиҳоди парламентии давлатҳои Созмони ҳамкории исломӣ дар Ҷакарта қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои кишварҳо буда, зарурати талошҳои муштарак дар ҳалли масъалаҳои доғи ҷаҳонро таъкид кард.

М. СУЛТОНОВ

 «Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: