https://sadoimardum.tj

Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсолӣ дар Конибодом

19 май 2025, 13:46
21

Дар шаҳри Конибодом бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хатти нави истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Ассор» ба истифода дода шуд.

Зикр гардид, ки дастгоҳу таҷҳизоти корхона иқтидори коркарди то 10 ҳазор тонна пахтаро дар як сол дошта, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва пурра васлу насб шудааст. Технологияи муосир имкон медиҳад, ки аз пахтаи воридшуда то 38 фоиз нахи пахта ва то 55 фоиз чигит истеҳсол гардад. Корхона бо хоҷагиҳои хурду бузург шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, кишоварзонро дар марҳилаҳои кишт ва парвариш дастгирӣ менамояд.

Корхона, инчунин, коркарди чигитро ба роҳ монда, равғани растанӣ ва намудҳои гуногуни хӯроки чорво истеҳсол намуда, наздик ба 50 нафар сокини маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин менамояд. 

Ҷ. САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»



Ҳамчунин дигар маводҳо: