https://sadoimardum.tj

Пешниҳоди Тоҷикистонро дар бораи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфт

19 дек 2025, 07:00
0

12-уми декабри соли равон Ассамблеяи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕА) зимни иҷлосияи ҳафтуми худ дар шаҳри Найробии Ҷумҳурии Кения, қатъномаи Тоҷикистонро дар бораи "Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера" қабул намуд.

Дар ин хусус аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд.

Гуфта шуд, ки қатъномаи мазкур, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Перу пешниҳод гардид, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.

Қатънома аз ҳамаи давлатҳои узв ва шарикони рушд даъват ба амал меорад, ки саъю талошҳои худро дар самти андешидани чораҳои фаврӣ оид ба ҳифзи пирряхҳо, мубориза бо тағйирёбии иқлим, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани устуворӣ ва ҷалби маблағҳои молиявӣ тақвият бахшанд.

Қабул гардидани қатъномаи мазкур нақши боризи Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо, дар сатҳи ҷаҳонӣ бори дигар собит месозад.

Ин қатънома нахустин ва то ҳол ягона қатънома дар таърихи Ассамблеяи муҳити зисти СММ аст, ки муаллифи он кишвари Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: