https://sadoimardum.tj

«Фарҳанги суманакпазӣ» ба феҳристи ЮНЕСКО шомил гардид

19 дек 2025, 07:00
0

«Фарҳанги суманакпазӣ»- яке аз суннатҳои бостонии мардуми тоҷик расман ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд. 

Қарор 10-уми декабри соли равон, зимни ҷаласаи 20-уми Кумитаи байналмилалии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор гардид, қабул шудааст.

Пешниҳоди «Фарҳанги суманакпазӣ» аз ҷониби Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО таҳия шуда, соли 2023 ба ин созмони байналмилалӣ барои баррасӣ ирсол гардида буд.

Дар ҷараёни баррасӣ намояндагони кишварҳо аҳамияти фарҳангӣ, таърихӣ ва иҷтимоии суманакпазиро ба ҳайси расми якҷоясозандаи ҷомеа, рамзи наврӯзӣ ва анъанаи рушдёбандаи мардуми тоҷик махсус таъкид карданд.

Шомил шудани ин суннати қадимӣ ба феҳристи мероси фарҳанги ғайриоддии ЮНЕСКО на танҳо ҷойгоҳи фарҳанги миллии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боло мебардорад, балки ба ҳифзу интиқоли ин мероси гаронбаҳо ба наслҳои оянда низ мусоидат хоҳад кард.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум”

Ҳамчунин дигар маводҳо: