Туҳфаи Пешвои миллат ба сокинони Панҷакент расид
Имрӯзҳо дар саросари Тоҷикистон рӯйдоди муҳим, тақдими китоби «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳар хонадони кишвар чун туҳфаи беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад.
Ин иқдом на танҳо як ташаббуси фарҳангӣ, балки паёми ватандӯстию худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи мост. Чуноне Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ҳифзи фарҳанги миллӣ, гиромидошти забону адабиёт, таърих ва эҳёи анъанаҳои ниёгон пояи устувори давлатдорӣ аст. Нашр ва туҳфа намудани ин асари безаволи Фирдавсӣ, маҳз, аз ҳамин андеша ва муҳаббат ба миллату Ватан сарчашма мегирад.
Воқеан, ба шарофати Пешвои миллат «Шоҳнома» дигарбора эҳё шуд. Ҳоло дар ҳар хонадони тоҷик сухан аз «Шоҳнома», китобдӯстию китобхонӣ аст.
Туҳфаи мондагори Пешвои миллат ба шаҳри бостонии Панҷакент низ расид. Шоҳид шудам, ки ҳар хонадон китобро бо самимият қабул мекарданд. Вақте сархати китобро ба ин мазмун мехонданд: «Туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон...» чашмони ҳар кадомашон медурахшид, зеро онро солҳо интизор буданду ба он ниёз доштанд.
Мардум хушҳол шуда, китобро бо ифтихор оғӯш мегирифтанд.
Ин иқдом, воқеан, фардосоз аст. Мардумро ба хондан, андеша намудан водор месозад, миллатро сӯи худшиносӣ мебарад, зеро Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» на танҳо достони шоҳону паҳлавононро ба ёд овардааст, балки тамоми хулқу хислати тамаддуни ориёиро, ҳикмати гузаштагонро ба наслҳои баъдӣ амонат гузоштааст. Ҳар достони он аз садоқат ба Ватан, ҷавонмардӣ, паҳлавонӣ, адолат, муҳаббати воқеӣ ва худшиносӣ ҳикоя мекунад. Китоб тарғибгари хислатҳои неку шоистаи инсонӣ мебошад. Онро метавон рамзи ҳувияту ваҳдати миллӣ, пайвандгари имрӯзиён бо аслу решаи миллат номид.
Дар замоне ки ҷаҳони муосир пур аз иттилои гуногун (иттилооте, ки на ҳамеша ба мафкураи инсонҳо таъсири мусбат мерасонад) ва ба фарҳангу тамаддуни миллатҳо хатарбор аст, ҳифзи пояҳои маънавии миллат бисёр муҳим мебошад. Роҳбари давлат бо туҳфа намудани «Шоҳнома» ба ҳар хонадон масъулияти навбатии худро чун ғамхору пуштибони таъриху фарҳанги миллӣ дар назди таърих ва миллат иҷро намуданд.
Ин амалро метавон як навъ даъват низ арзёбӣ намуд, даъват ба хирад, худшиносию худогоҳӣ, ба омӯзиш ва ифтихор аз фарҳангу тамаддуни хеш. Тақдими ин шоҳасар ҷузъи сиёсати маънавиётсозу фарҳангии кишвар аст, ки ба сӯи рушди ҷомеаи мутамаддин равона шудааст.
Тақдими китоб ба ҳар оила далели таваҷҷуҳ ва эҳтироми Роҳбари давлат ба ҳар як хонаводаи тоҷик аст. Тамсилест аз муносибати гарми Пешвои миллат ба фарзандони миллати худ.
Бешубҳа, ин иқдоми Пешвои миллатро метавон рӯйдоди бузурги фарҳангии сол ном бурд, рӯйдоде, ки таъсири неки он дар раванди маънавии давлату миллатсозӣ ва таҳкими пояҳои Истиқлоли миллӣ такон ва ангезаи қавӣ мебахшад.
Ҷаҳду талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ дар роҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ шоистаи таҳсин буда, намунаи олии таҷассуми эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг, адабиёт, дин ва арзишҳои миллиамон мебошад. Хусусан, тарҷума ва нашри чандкаратаи Қуръони карим ба хати сириллик, чопи осори мондагори бузургони гузаштаи миллат, нашр ва ҳадяи китоби Бобоҷон Ғафуров - «Тоҷикон» ба ҳар як хонавода аз иқдомҳои дигари барҷастаи Пешвои миллат мебошанд.
Ҷ. САБОҲИДДИН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
