Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар Хатлон
11-уми декабри соли равон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, дар деҳоти Ғаллаобод ва Хуррамшаҳри ноҳияи Хуросон мавсими нави ниҳолшинонӣ оғоз гардид.
Дар доираи ин тадбири экологӣ аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ва гурӯҳе аз мутахассисону фаъолон дар канори шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе- Бохтар беш аз 1000 ниҳоли ҳамешасабзу сояафкан шинонида шуд.
Соли 2026 тибқи нақша дар вилояти Хатлон беш аз 600 ҳазор дарахтони ороишӣ, сояафкану мевадиҳанда ва беш аз 9 миллион гулу гулбутта шинонида мешавад.
Дар ҷараёни ниҳолшинонӣ раиси вилояти Хатлон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки раванди нигоҳубини ниҳолҳои шинонидашуда зери назорати доимӣ қарор дода шавад.
С. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
