Дар Ҳисор кишти гандуму ҷав оғоз гардид
Кишоварзони шаҳри Ҳисор ба кишти тирамоҳии ғалладона оғоз намуда, ба шудгори заминҳои лалмӣ ва обӣ камар бастаанд.
Ба иттилои сардори раёсати кишоварзии шаҳри Ҳисор Бахтовар Раҳматов, имсол хоҷагидорон тибқи дурнамо дар майдони беш аз 4841 гектар ғалладона кишт мекунанд.
Масъулини идораи кишоварзии шаҳри Ҳисор иброз доштанд, ки боришоти охир барои кишт намудани ғалладонагиҳо дар заминҳои корами лалмӣ мусоидат кард ва то имрӯз кишоварзони шаҳр дар майдони зиёда аз 1390 гектар кишт гузарониданд.
Инчунин, дар заминҳои корами обии шаҳр кишоварзон дар майдони 141 гектар пиёзи барвақтӣ кишт намуданд.
Бояд гуфт, ки барои сари вақт анҷом додани шудгори зиёда аз 10741 гектар заминҳои корами обию лалмӣ техникаҳои зарурӣ сафарбар гардида, то имрӯз ҳудуди 7000 гектар заминҳои корам шудгор шудааст.
Субҳониддини МАҲМУД,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
