Суғд. Вусъати кишти картошкаи барвақтӣ
Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғанӣ гардондани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд кишти картошкаи барвақтӣ дар 1200 гектар ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта бештар мебошад.
Тибқи иттилои масъулини Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, кишти картошкаи барвақтӣ, асосан, дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Зафаробод, Ашт ва Мастчоҳ ба нақша гирифта шудааст.
То 25-уми феврал нақшаи кишти картошкаи барвақтӣ 45,6 дарсад иҷро шуда, нишондиҳандаҳо дар шаҳру ноҳияҳо гуногун мебошанд. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент - 25,7, Конибодом - 63,6, Бобоҷон Ғафуров - 90,4, Ҷаббор Расулов - 26,9, Спитамен - 59,6, Зафаробод - 30, Ашт - 55 ва Мастчоҳ 71,5 фоиз иҷро гардидааст.
Мутахассисони соҳа таъкид мекунанд, ки кишти картошкаи барвақтӣ бояд дар муҳлати оптималӣ ва бо риояи қоидаҳои агротехникӣ гузаронида шавад. Омодасозии замин, интихоби тухмиҳои босифату серҳосил ва ба иқлими минтақа мутобиқ, риояи меъёри нуриҳо ва обёрии саривақтӣ аз ҷумлаи омилҳои асосие мебошанд, ки ба баланд гардидани ҳосилнокӣ мусоидат мекунанд.
Картошка аз маҳсулоти асосии сабади истеъмолии аҳолӣ ба ҳисоб рафта, афзоиши истеҳсоли он аҳамияти иҷтимоиву иқтисодии муҳим дорад. Бо назардошти ин, дар вилоят сол ба сол майдони кишти он васеъ гардида, таваҷҷуҳи кишоварзон ба истифодаи тухмиҳои серҳосил ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири парвариш бештар мешавад. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки ҳосилнокӣ боло рафта, бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ таъмин гардад.
Дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби заминҳои нав масоҳати картошказор афзудааст. Таҷрибаи картошкапарварони ноҳияҳои Деваштич ва Кӯҳистони Мастчоҳ собит менамояд, ки бо меҳнати пурсамар, истифодаи тухмиҳои босифат ва риояи талаботи агротехникӣ метавон ҳосилнокиро баланд бардошта, ҳаҷми истеҳсолро бештар намуд.
Метавон умед баст, ки соли равон низ кишти картошкаи барвақтӣ дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расида, бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ таъмин хоҳад шуд.
Н. ТУРСУНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
