https://sadoimardum.tj

Нақши парлумонҳо дар татбиқи ташаббусҳои экологӣ муҳим арзёбӣ шуд

19 дек 2025, 07:30
1

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Аҳмадзода дар доираи вохӯрии сеюми раисони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзуи «Рушди устувор ва ҳифзи муҳити зист: нақши парлумонҳо дар таъмини татбиқи ташаббусҳои экологӣ» суханронӣ намуд.

Бахтиёр Аҳмадзода изҳор дошт, ки муколамаи имрӯза ба таҳкими ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва ҷустуҷӯи равишҳои муштарак барои ҳалли мушкилиҳои экологӣ, ки тамоми кишварҳои минтақа бо онҳо рӯ ба рӯ ҳастанд, мусоидат мекунад.

Зикр шуд, ки парлумони Тоҷикистон ба такмили асосҳои ҳуқуқии рушди устувор тавассути қабули қонунҳо, тасдиқи барномаҳои стратегӣ ва назорати рафти иҷрои онҳо диққати махсус медиҳад. «Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки рушди устувор танҳо дар сурати кори бонизом - аз қабули қонунҳо то татбиқи амалии барномаҳои экологӣ ва ҳамкории фаъоли байналмилалӣ имконпазир аст. Дар ин замина, байни кишварҳо як қатор созишномаҳои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ ба имзо расидаанд ва бояд аз ин заминаи ҳуқуқӣ самаранок истифода барем»,- иброз дошт Б. Аҳмадзода.

Ҳамчунин дигар маводҳо: