https://sadoimardum.tj

Вохӯрии раисони парламентҳои давлатҳои ОМ ва Корея

19 дек 2025, 07:30
1

15-17-уми декабри соли 2025 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии сеюми раисони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея дар мавзуи «Ҳамкорӣ ба хотири шаъну шарафи инсон, адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист» баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода иштирок ва суханронӣ намуд.  

Зикр шуд, ки вохӯриҳои раисони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея намунаи равшани дипломатияи самараноки парламентӣ буда, ба наздикшавии мавқеъҳо, мубодилаи таҷрибаҳо   ва ташаккули рӯзномаи муштараки ҳамкорӣ мусоидат мекунад.

- Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти захираҳои бузурги обию гидроэнергетикии худ пайваста рӯзномаи обу иқлимро дар арсаи байналмилалӣ пеш мебарад. Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об- барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» эълон гардид, ки яке аз иқдомҳои муҳими глобалӣ ба ҳисоб меравад. Ин ташаббус ба истифодаи оқилонаи об ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ равона шудааст,- таъкид намуд Азиз Гиёзода.

Иброз гардид, ки ҳамкории байнипарламентӣ дар ин самт ба кишварҳо имкон медиҳад таҷрибаҳои худро дар мубориза бо табъиз, такмили сиёсати муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, занон, шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд ва гурӯҳҳои осебпазири иҷтимоӣ мубодила намоянд.   

- Ҷаҳони муосир истифодаи фаъоли механизмҳои дипломатияи парламентиро ҳамчун заминаи муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ тақозо менамояд. Парламентҳо дорои иқтидори нодир барои таҳкими эътимод, пешбурди муколама ва ҳамоҳангсозии стратегияҳои дарозмуддати рушд мебошанд. Итминон дорам, ки натиҷаҳои муколамаи имрӯза саҳми арзандае дар таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ, пешбурди арзишҳои инсонӣ, адолати иҷтимоӣ ва масъулияти экологӣ хоҳанд гузошт,-  афзуд Азиз Гиёзода.

Ҳамчунин дигар маводҳо: