Баррасии ҳамкориҳои парлумонӣ бо Корея
16-уми декабри соли равон дар ҳошияи вохӯрии сеюми раисони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Тошканд муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода бо Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея У Вон Сик мулоқот намуд.
Азиз Гиёзода изҳор дошт, ки ҳамкориҳои байнипарлумонӣ унсури муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Корея мебошад. «Робитаҳои дӯстона миёни Маҷлиси намояндагон ва Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея ба амиқ гардидани муколамаи сиёсӣ, табодули таҷрибаи қонунгузорӣ ва ташаккули муҳити мусоиди ҳуқуқӣ барои рушди ҳамкории дуҷониба мусоидат менамоянд»,- гуфт ӯ.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея дар соҳаҳои инноватсия, табдили рақамӣ, иқтисоди «сабз», ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор аҳамияти зарурӣ медиҳад. Мо бар он боварем, ки парлумонҳо метавонанд дар дастгирии лоиҳаҳои муштарак, ҳамроҳии қонунгузории ташаббусҳо, инчунин, густариши мубодилаҳои гуманитарӣ ва таълимӣ нақши калидӣ бозанд.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН
Ҳамчунин дигар маводҳо:
