https://sadoimardum.tj

Рашту Тоҷикобод. Зарардидагон танҳо нестанд

20 май 2025, 15:41
22

Тавре иттилоъ доред, 13-уми апрели соли равон заминларзаи шадид ба вуқуъ пайваст ва дар навоҳии Рашту Тоҷикобод сокинон хисороти зиёд диданд. 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеб расид. Ҳамчунин, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 200 иншооти гуногуни дигар  зарар диданд.

15-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо дар маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани оқибати офати табиӣ ва кумак ба зарардидагон ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат корҳои сохтмонӣ аллакай дар иншооти зарардида оғоз гардидааст. 

Бунёди хонаҳои истиқоматие, ки пурра зарар дидаанд, аз ҳисоби вазорату идораҳо ва Ҳукумати кишвар оғоз шуд. Ба оилаҳое, ки хонаҳояшон қисман зарар дидаанд, ду маротиба ёрии молиявӣ расонда шуд. Онҳо, ҳамчунин, ба масолеҳи сохтмонӣ таъмин гардиданд.

Ҷоиз ба зикри хос аст, ки дар ин рӯзҳои мудҳиш мо шоҳиди ҳамдилию ягонагии мардуми кишвар гардидем. Аз ҷониби бошандагони дигар шаҳру навоҳии кишвар ба ноҳияҳои зарардида дар шакли маводи ниёзи аввал ва маводи сохтмонӣ кӯмак ворид шуд.

Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода дар ҷаласаи ситод миннатдории сокинони ноҳияро ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхориҳои беназирашон иброз дошта, зикр кард, ки соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи ноҳия низ баҳри бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ саҳм хоҳанд гузошт.

Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода ба хабарнигори рӯзнома гуфт, ки Пешвои муаззами миллат мардуми осебдидаро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузоранд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки оқибати офати таббиӣ дар  муҳлати кӯтоҳ бартараф ва мардуми зарардида бо шароити хуб таъмин мегарданд. 

Д. МИРЗО, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: