Бо паёми раҳнамунсоз дар назди интихобкунандагон
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025, инчунин, баргузор намудани вохӯрию мулоқотҳои самимӣ ва баррасии мушкилоту дархостҳои интихобкунандагон - сокинони ҷумҳурӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари даҳрӯза ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат рафтанд.
Аз ҷумла, вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сокинони ноҳияи Лахш ва деҳоти Ҳоити ноҳияи Рашт дар сатҳи баланд ва самимӣ баргузор гардид.
- Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳои мушаххас муайян гардиданд, - иброз дошт Файзалӣ Идизода зимни мулоқот бо интихобкунандагон.
Таъкид гардид, ки соли 2025 «Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026-2030» ҳамчун марҳалаи ниҳоии «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» қабул гардид. Амалисозии саривақтӣ ва сифатноки он имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад. Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат-20, кишоварзӣ - 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар самти таъмин намудани рушди босуботи мамлакат ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 65 фоиз ё 20 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он (солҳои 2019-2025), яъне дар 7 соли охир, беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Файзалӣ Идизода, ҳамчунин, имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз 1-уми сентябри соли 2026 зиёд шудани маоши вазифавии кормандони соҳаи илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва дигар соҳаҳо, инчунин, дигар нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро ба интихобкунандагон шарҳу тавзеҳ дода, ба саволу муроҷиатҳои сокинон посухҳои қонеъкунанда гуфт.
* * *
Зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, вакилони Маҷлиси намояндагон Ориф Амирзода, Нуралӣ Ниязов ва Шаҳбози Аброр иброз доштанд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун давоми мантиқии паёмҳои солҳои гузашта, қадамҳои навбатии давлат ва ҷомеаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи одилона, бомаърифат ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ дар паҳнои амалкардҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ масъалагузорӣ намуд.
- Президенти кишвар ҳадафҳои бузурги сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвари моро вобаста ба шароиту талаботи муосир муайян намуда, имкони ба нуқтаҳои муайяни самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ майл намудани сиёсати давлатиро дар соли 2026 ва панҷ соли оянда баррасӣ карданд, - таъкид намуд Шермуҳаммад Шоҳиён ҳангоми суҳбат бо интихобкунандагон.
Зикр шуд, ки шиори «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» рамзи олии ахлоқи инсондӯстона ва фарҳанги баланд аст. Ин арзишҳо тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳпарвар, башардӯст ва дорои маърифати воло муаррифӣ мекунанд.
Вакилон доир ба дастовардҳои кишварамон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, аз 1-уми сентябри соли 2026 бо дарназардошти имконияти имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ зиёд намудани маоши вазифавии кормандони маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо ба интихобкунандагон маълумот манзур намуданд.
Дар фарҷом сокинону фаъолони ноҳияи Шоҳмансур дар хусуси мавзуъҳои вохӯрӣ мубодилаи афкор намуда, ҳамчунин, ба саволу муроҷиатҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
* * *
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон Ғулом Ҳалимзода дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо омӯзгорону донишҷӯён ва сокинони маҳаллаҳои Бофанда ва Тути калони шаҳри Хуҷанд мулоқот намуданд.
Мавсума Муинӣ доир ба муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ иттилоъ дода гуфт, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
- Ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, Шартнома миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз рӯйдодҳои муҳими соли 2025 буданд.
Дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳодҳои кишвари мо, аз ҷумла доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ», «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ва қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эътироф ва қабул гардиданд, - иброз дошт Мавсума Муинӣ.
* * *
- Бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардида, имрӯз ба давлати ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, - иброз дошт муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода зимни мулоқот бо сокинони деҳоти Аличор, ба номи Ғ. Бердибоев ва шаҳраки Мурғоби ноҳияи Мурғоби ВМКБ.
Зикр шуд, ки пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ хатари аз байн рафтани давлати тоҷикон ба миён омад. Бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тамаддунофари тоҷик на танҳо истиқлолияту ваҳдати миллиро ҳифзу мустаҳкам намуд, балки ба дастовардҳои назаррас ноил гашта, дар арсаи байналмилалӣ обрӯю эътибори хосаро соҳиб гашт.
Таъкид гардид, ки ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта, бо бунёд гардидани иншооти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ба яке аз ноҳияҳои тараққикардаи ҷумҳурӣ табдил ёфта истодааст.
Вохӯриҳои вакилони мардумӣ 23-юми декабри соли 2025 оғоз гардида, 3-юми январи соли 2026 анҷом меёбад.
Диловари МИРЗО,
Нодир ТУРСУНОВ,
Машҳур ИМОМНАЗАРОВ,
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
