https://sadoimardum.tj

Шакарнӯш

№:1 (5053), 31 дек 2025, 11:08
3

Ба сармуҳаррир

«Садои мардум»-у раҳбар ту бошӣ,

Ҳама аскар, фақат афсар ту бошӣ.

Қалам бар даст аскарҳо қаторак,

Чу фармондеҳ дар минбар ту бошӣ.

 

Ба Марзия

Ҳамсоли «Садои мардум» аст ӯ,

Чун хӯшаи сабзи гандум аст ӯ.

Тасҳеҳи забон мекунад ӯ,

Ширинии лафзи мардум аст ӯ.

 

Ба Абдухолиқ

Нависад Абдухолиқ гар мақола,

Кунад сад бор ҳар як ҷумла таҳрир.

Чунон дилдодаи таҳрири хеш аст,

Наёбӣ мисли ӯ ҳаргиз муҳаррир.

 

Ба Далер Абдулло

Зи таҳрираш намеранҷем ҳаргиз,

Буридан, пора кардан нест осон.

Набурӣ боли кабки ваҳшиеро,

Намехонад барои дӯстдорон.

Ба Басбӣ

Суроғи коргар гаштам ба ҳар сӯ,

Ки бошад ӯ ба кори хеш касбӣ.

Басе ҷустам ба ҳар як рӯзнома,

Наёфтам ман мусаҳҳеҳе чу Басбӣ.

Ба Нигина

Саҳар то шом кораш чоп кардан,

Ба ангуштон кунад кори идора.

Фишор ар медиҳад ӯ тугмаеро,

Парад ҳарфе аз он мисли шарора.

 

Ба Зебо

Бубин кампутари Зебои моро,

Садои чиқ-чиқу чақ-чақ надорад.

Агар бекор гардад соате ӯ,

Яқинан кори мо равнақ надорад.

 

Ба Ворис

Ворисо, лаҳни ту шевову каломи ту сара, 

Заҳмату меҳнати ту дод ба мардум самара. 

Ду ҷаҳон болу пари Симурғ аст охири кор, 

Набарӣ ҳеҷ арӯсе пас аз ин Девдара.

 

Ба Фарзона

Қалам нозад, ки он афсонаи мост,

Фурӯғи шамъу ҳам парвонаи мост.

Агар дидед Лайлои қаламро,

Яқин донед, ӯ Фарзонаи мост.

 

Ба Дилафрӯз

Мудири кадри мо бо меҳрубонӣ

Дарояд ҳар замоне аз дари мо.

Ба кор ар дер оӣ, чормағзе

Бисозад қима-қима бар сари мо.

Ба Ориф

Диҳад орою торо рӯзнома,

Ки хуш ояд ба ҳар хонандае он.

Намояд ҷо ба ҷо аксу мақола,

Нагардад ҳарфи мо паҳну парешон.

 

Ба Шариф Атобуллоев

Намуда васф Маҷнуни қаламро,

Ба мо гӯянд, ӯро кӣ ҳариф аст?

Накарда лаҳзае андеша, ёрон,

Бигӯям, ки ҳарифи ӯ Шариф аст.

Ба Аброр

Ҳамеша кори ӯ бисёр бошад,

Ба дӯшаш кори дунё бор бошад.

Гумон созӣ, ки бе Аброри моён

Ҳар он чӣ ҳаст, нодаркор бошад.

 

Ба муҳосиби рӯзнома Муҳаммадяъқуб

Барои он ки мо бепул намонем,

Ҳисобею китобе мекунад ӯ.

Агар аз бепулӣ фарёд созем,

Яқинан, ки итобе мекунад ӯ.

 

Ба Неъматуллои аксбардор

Агарчӣ пешааш аккос бошад,

Вале андар саховат беназир аст.

Бувад ғамхор бар ҳар гурбаю муш

Ва ҳар бечораю ҳаркӣ сағир аст.

Зи кори хайр ҳаргиз рӯ натобад,

Надорад хонаю қалбаш кабир аст.

Ҳамчунин дигар маводҳо: