Садои мардум
Эҳдо ба ҷашни 35-солагии рӯзномаи «Садои мардум»
Ҳарфи дил бинвишт, тухми меҳр кишт,
Пайки истиқлолу ваҳдатро расонд.
Таърихи озодиву сулҳу сафо,
Саҳфа-саҳфа дар китоби хеш монд…
Ҳар паёми ӯ нидои мардум аст,
Баски номи ӯ «Садои мардум» аст.
Бо шиоре кард сарҷамъ халқро,
Ҳарфи ӯ буд ҳарфи фардои Ватан.
Қиссаҳо бинвишт дар ҳар саҳфае,
Васф бинмуд пиру барнои Ватан.
Ҳар паёми ӯ нидои мардум аст,
Баски номи ӯ «Садои мардум» аст.
Номаи бахти Ватанро нашр кард,
Ишқи Меҳан буд ҳар як номааш.
Бо қалам сарбози ин миллат, ки буд,
Рӯҳи Айнӣ шод гашт аз хомааш…
Ҳар паёми ӯ нидои мардум аст,
Баски номи ӯ «Садои мардум» аст.
Ормони халқу меҳан парварид,
Бо калому бо забони миллатам.
Восифи ҳусну нумӯи мулк гашт,
Раҳнамо андар ҷаҳони миллатам.
Ҳар паёми ӯ нидои мардум аст,
Баски номи ӯ «Садои мардум» аст.
Соли истиқлоли миллат соли ӯст,
Ҷашни тавлидаш муборак, ҳамватан!
Кош бо пайки накуву руҳбахш,
Завқ бахшад боз асре анҷуман…
Ҳар паёми ӯ нидои мардум аст,
Баски номи ӯ «Садои мардум» аст.
Мухтори АБДУЛЛО,
собиқ хабарнигори «Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
