https://sadoimardum.tj

Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рисолати мо ­худшиносию созандагӣ

№:12 (5064), 03 фев 2026, 11:32
0

Қарни XXI оғози дастовардҳои тозаи мардуми шарифи Тоҷикистон дар роҳи созандагиву бунёдкориҳо ва, муҳимтар аз ҳама, дар масири пурифтихори худшиносии миллӣ аст. Дар ин айём аз файзу баракати Истиқлоли давлатӣ ва пойдории сулҳу озодӣ тоҷикон дар арсаи ҷаҳон чун миллати созанда, ташаббускор ва фарҳангӣ эътироф гардид. Ба даст овардани неъмати бебаҳое, чун Истиқлол ва ваҳдату ҳамбастагӣ бори дигар собит сохт, ки, аслан, рисолати таърихии миллати куҳанбунёду таммаддунсози тоҷик созандагиву бунёдкорист.

Огоҳ ва шоҳидем, ки бо азму талош ва хиради азалии фарзанди содиқи Ватан, абармарди сулҳовару ҷоннисори таърихи навини тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикис­тони соҳиб­истиқлол офтоби хушбахтию осудагӣ тулӯъ карда, сулҳу сафо, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкорию созандагӣ пойдор гардид. Маҳз, дар ин даврон роҳҳои муосир ва нақбу пулҳо бунёд шуда, пайванди доимии Тоҷикистонро бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон ва калонтарин бандарҳо ва уқёнусҳои дунё таъмин намуд. 

Соҳаи энергетикаи мамлакат маҳз бо азму талош ва иқдому тадбирҳои бузургу бесобиқаи Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бемайлон рушд намуда, дар таҳкими истиқлолияти энергетикии мамлакат қадамҳои уствор гузошта шуд. Бунёди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда 1», «Сангтӯда 2», ифтитоҳи ду агрегати НБО «Роғун», таъмиру таҷдид ва навсозии силсиланеругоҳҳои амалкунанда, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бузургтарин дастовардҳои аср унвон гирифтанд. Неруи барқ ободӣ меофарад, рушду пешравии Тоҷикистонро таъмин месозад.

Дар зарфи 35 сол ҳазорон иншооти илму маориф, тандурус­тиву иҷтимоӣ, боғҳои фароғатӣ, биноҳои баландошёнаи нави замонавӣ сохта мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ин ҳама ободкориҳо шароити зиндагии мардумро беҳтар гардонд ва зебоии Ватанро афзун намуд.

Аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» иқдоми шоистае буд, ки ба вус­ъат бахшидани инфрасохтори кишвар мусоидат менамояд. Зимни сафарҳои корӣ ба минтақаҳои кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои ободониву созандагӣ шинос шуда, барои ноил шудан ба ин ҳадафи стартегии ҷумҳурӣ супоришҳои мушаххас медиҳанд. 

Президенти кишвар дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декаб­ри соли 2025 таъкид намуданд, ки соли 2026 соли таърихӣ, яъне, 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аст ва мардуми шарифи Тоҷикистон бояд корҳои ободониро вусъат диҳанд, хонаву кошона, кӯчаю маҳали зисти худро тозаю озода нигоҳ доранд. 

Бо ин мақсад соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардид. Ин ташаб­бус рамзи идомаи рушди устувор ва ваҳдати миллии кишвар мебошад.

Ободониву созандагӣ ҷанбаҳои моддӣ ва маънавии рушди Тоҷикистон аст. Бо сарварии Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мезанад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар обод кардани Ватани маҳбуб ва вусъати додани корҳои ободонӣ масъул мебошад. Ин роҳи ҳифзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдат ва пешрафти Тоҷикистони ­соҳибистиқлол аст.

Дар баробари ин ҳама дастовардҳои бунёдӣ, талошҳои доимии фарҳангсолоронаи Пешвои хирадманди тоҷикон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон боис ба он гардид, ки миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва этнофарҳангӣ эҳё гашта, ба худшиносии миллӣ ва истиқлоли фикрӣ бирасад. Тайи ин давра Сарвари давлат дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тақвияти худшиносии миллӣ ва ташаккули руҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузоштанд. Дар ин давра забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии миллат пурра зери таваҷҷуҳи давлат қарор гирифта, корбурди комили идорию сиёсӣ ва илмию ҷамъиятии он таъмин гашт.

 Ба хотири тақвияти худшиносии миллӣ, ташаккули эътимоди қавии мардум ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ бо барномарезиҳои ҳадафмандона хотираи таърихии миллат эҳё гардид. Бо супориши Пешвои миллат ёдгориҳои бостонӣ таҷдид ва ҷашнҳои бошукӯҳи бузургдошти як гурӯҳ абармардони таъриху фарҳанги тоҷик дар сатҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ баргузор шуд, ки 1100-солагии давлатдории Сомониён, 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 1000-солагии «Шоҳнома», «Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ», 1310-солагии Имоми Аъзам, 3000-солагии Ҳисор, 800-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 2700-солагии китоби муқаддаси «Авесто», 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм аз ҳамон ҷумлаанд.

Барқарорсозии пойдевори худогоҳиву худшиносии миллӣ зарурати бисёр муҳими ҳам миллию таърихӣ ва ҳам давлатию сиёсӣ аст. Аз тарафи дигар, ин иқдом барои тарбияи насли наврас бар пояи арзишҳои миллӣ ва дар руҳияи ватандорӣ мусоидат менамояд. Ҳадафи ниҳоӣ аз ин иқдом иборат аз он аст, ки миллати тоҷик бо касби худогоҳӣ ва эътимод ба худ ба марҳалаи истиқлолияти фикрӣ расад. Ин масъала аҳамияти ҳамаҷонибаи назарӣ ва амалӣ дорад, зеро то истиқлолияти фик­рии як миллат таъмин нагардад, истиқлолияти сиёсии он нокомил боқӣ мемонад.

Ҳамин тавр, Пешвои хирадсолори тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо истиқлолияти сиёсии давлат, балки истиқлолияти фикрии миллатро низ эҳё намуданд, ки ин як дас­товарди меҳварӣ ва бунёдӣ мебошад.

Эҳё ва таҷлили ҷашнҳои миллӣ хештаншиносӣ, андешаи пок, афкори созанда ва эҳсоси зебоипарастии мардуми озодаи тоҷикро собит сохт. Ҷашнҳои миллии алоқаманд бо кишоварзӣ аз нав эҳё гашт. Маҳз, истиқлолу озодӣ барои халқи тоҷик таҷлили бемамониати ҷашнҳои зебои миллӣ, амсоли Меҳргону Сада, Тиргону Наврӯзи байналмилалиро фароҳам овард. Ҷашнҳои аҷдодии тоҷикон мақоми ҷаҳонӣ гирифтанд. 

Дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки аз соли 2019 бо ибтикори Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон роҳандозӣ гаштаанд, соле ҳазорон пиру барнои диёр иштирок мекунанд. Мақсад аз роҳандозии ин озмунҳо баланд бардоштани завқи китобхонӣ, таҳкими худогоҳӣ, дарёфти истеъдодҳо ва мубориза бо хурофот, нодониву ҷаҳолат аст.

Китобхонӣ асоси таълим ва худогоҳӣ мебошад. Худогоҳии миллӣ барои муқобила бо таҳдидҳои глобалӣ зарур аст. Он ватандӯстиро тарбия мекунад ва ҷавононро аз бегонапарастӣ муҳофизат менамояд.

Дастоварди бунёдии дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки Тоҷикис­тон ҳамчун давлати мустақил ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо намуд. Ҳанӯз дар аввалин муроҷиатномаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат ба халқи шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз зарурати ҳамчун воҳиди баробарҳуқуқ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид шудани Тоҷикистон таъкид шуд. Сиёсати «дарҳои кушода», ки заминаи он маҳз аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд, дар ин муддат ҳамчун консеп­сияи амалгароёна, мутавозин ва сулҳомез натиҷаҳои зарурӣ ба бор оварда, обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бурд.

Маҳз, бо пешниҳоди Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумии СММ то кунун 8 ташаб­буси ҷониби Тоҷикистонро қабул намуд. Ин ташаббусҳои башардӯс­тонаи Сарвари давлати тоҷиконро, ки меҳвари ҳар кадоми онҳоро беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинони сайёра ташкил медиҳад, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо иттифоқи оро пазируфт.

Ҳамин тавр, имрӯз бо камоли ифтихор метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақилу соҳибихтиёр ҷойгоҳи муносиб ва сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кардааст. Ин ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик аст, ки хушбахтона, бо роҳбарии муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид.

Хулоса, дар боби тараққиёт, дастовард ва рушди бемайлони Тоҷикистони офтобӣ тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ садҳо дос­тон кам аст. Танҳо бо зиракии сиёсӣ ва фаҳмиши баланд ҳар як шаҳрванд метавонад фазои орому осуда, гулгашту хиёбонҳои зебо, табассуми тифлони хушбахту бахтёр, фазои муаттар ва накҳатбори Тоҷикис­тони озод­ро дарк намояд. Бо роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон миллати тоҷик ба сӯи фардои дурахшон гомҳои устувор хоҳад гузошт. Зеро ин масир роҳи ҳифзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳиб­истиқлол аст!

Фирдавс САИДЗОДА, 

вакили Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: